Аз ҳама бештар пули буҷаро дар сохтмон “дуздидаанд”

Палатаи ҳисоби Тоҷикистон мегӯяд, дар нимсолаи гузашта аз ҳама зиёд маблағи буҷа дар соҳаи сохтмон ғайриқонунӣ азхуд шудааст.

5-уми август Дилмурод Давлатзода, раиси Палатаи ҳисоб дар нишасти хабариаш гуфт, дар нимсолаи аввал 9 млн. 40 ҳазор сомонӣ маблағи буҷа бо роҳи изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмон ғайримақсаднок истифода шудааст.

Раиси Палатаи ҳисоб гуфт, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 млн. сомонӣ зиёд аст.

Дар умум кормандони Палатаи ҳисоб дар давоми шаш моҳи аввали сол 41 млн. 338 ҳазор зарари молиявиро ошкор кардаанд, ки нисбат ба соли гузашта 23 млн. сомонӣ камтар аст.

-Инчунин чорабиниҳои аудитории дар ин давра амалигардида, истифодаи ғайримақсаднок ва ғайрисамараноки воситаҳои давлатиро ба маблағи 202 млн. 774 ҳазор сомонӣ, захираҳо ва талафи маблағҳои буҷетиро ба қадри 4 млн. 400 ҳазор сомонӣ муайян намуд,-мегӯяд Раиси Палатаи ҳисоб.

Шояд шумо суол ё назаре доред?