Аз Русия муҳоҷирони тоҷик дар шаш моҳ $598 млн. фиристодаанд

Аз Русия ба Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 598 милион доллар интиқол ёфтааст.

Дар ин бора Бонки марказии Русия иттилоъ додааст.

Бино ба иттилои БМР, интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2016 аз ҷониби шахсони воқеӣ 598 милион доллари ИМА-ро ташкил дода, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 фисад коҳиш ёфтааст.

Дар шаш моҳи аввали соли гузашта муҳоҷирони тоҷик ба кишвар аз Русия 696 милион доллар интиқол дода буданд, -гуфтааст Бонки марказии Русия.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби шахсони воқеӣ дар семоҳаи аввал 103 милион долларро ташкил дода, дар семоҳаи ахир то 495 милион доллар афзудааст, -қайд мекунад манбаъ.

Ин дар ҳолест, ки Бонки миллии Тоҷикистон гуфта буд, ки интиқоли пули муҳоҷирони тоҷик аз Русия дар муқоиса бо соли гузашта танҳо бо доллари ИМА - ҳудудан ба 22 фоиз коҳиш ёфтааст.

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, интиқоли рубли русӣ дар муқоиса бо шашмоҳаи аввали соли гузашта, тақрибан тағйир наёфта, 67 милиард рублро ташкил додааст.

Коршиносон дар солҳои ахир коҳиши беш аз 40-дарсадии маблағи муҳоҷиронро аз Русия ба Тоҷикистон, дар пайи буҳрони шадиди иқтисодӣ ва коҳиши қурби рубли русӣ пешгӯӣ мекарданд.

Як соли пеш ҳам, дар нимсолаи аввали соли 2015 раиси Бонки давлатии "Амонатбонк" Руҳуллоҳ Ҳакимзода ба рӯзноманигорон гуфта буд, ки дар ин муддат ба воситаи ин бонк ба кишвар 173 миллиону 788 ҳазор доллар маблағи муҳоҷирон ба Тоҷикистон ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39,7% камтар мебошад.

Соли гузашта ба воситаи ин бонк  муҳоҷирон ба Тоҷикистон 288 миллион доллар ворид кардаанд. Раиси нави бонк поинравии қурби рубли русиро яке аз омилони коҳиши интиқоли маблағ арзёбӣ кард.

Дар як сол ба Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 3 млрд. доллар маҳсулот ворид шуда, қариб 800 млн. содирот мешавад. Яъне дар 3 соли ахир тавозуни савдои хориҷии Тоҷикистон манфӣ арзёбӣ мешавад.

Дар пайи буҳронҳо, дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 1,2% ё 135 млн. доллар коҳиш ёфт.

Раванди коҳиши ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ҳанӯз аз соли гузашта идома дорад ва маълум нест ки кай ба анҷом мерасад.

Бино ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон,  давоми 4 моҳи аввали соли равон ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон беш аз 1 млрд. 185 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,2% ё худ 135 млн. доллар камтар мебошад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?