“Ба интиқоли оби Сарез ба Эрон ягон лоиҳаи илман асоснок вуҷуд надорад” (хулосаи матбуот)

Баргузории Конфронси байналмилалии “Об барои ҳаёт” яке аз мавзӯоти аслии ҳафта дар нашрияҳои чопи Душанбе будааст. Қариб дар бештари нашрияҳо ба ин мавзӯ ба шеваҳои гуногун барӯрде доштаанд.

Нашрияи мустақили “Миллат” (№21 (509), аз 10 июни соли 2015) дар ин бора дар матлабе бо такя ба суханони коршинос Парвиз Муллоҷонов навиштааст, ҳамоиши мазкур ба барои имидҷи Тоҷикистон муҳим аст. Зеро мавзуъи об ва мушкилоти дастрасӣ ба он дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ қарор дорад. Бино бар ин Тоҷикистон бо баргузории ин чорабинӣ низ номи кишврро вирди забонҳо мекунад.

Ҳамчунин Тоҷикистон, ки дар саргаҳи ташаккули обҳои минтақа қарор дорад, имконияти хубе барои  муаррифӣ ва баёни мақеъаш дар ҳалли масоили обро дорад. Ин нашрия аз мушкилоти Тоҷикистон дар кӯли “Сарез” карда, аз қавли иқтисодшинос Ҳоҷимуҳаммад Умаров навиштааст, ки дар мавриди интиқоли оби “Сарез” ба Эрон ягон лоиҳаи илман асоснок вуҷуд надорад. Ин танҳо пешниҳоди Тоҷикистон буд, ки мутаассифона, асоси мустаҳками илмӣ надошт.

Ҳафтаномаи дигари мустақил “Озодагон” аз соҳибназарон суол кардааст, ки “даҳсолаи “Об барои рушди устувор” мушкили дастрасӣ ба обро ҳал мекунад?” тақрибан ҳамаи коршиносон посухи манфӣ додаанд. Ҳикматуллоҳи Сайфуллозода гуфтааст, ки ин иқдоми хуб аст, вале 10 сол “Об барои ҳаёт” гуфтему сароидем, вале чӣ чиз тағйир хӯрд? Оё ҳаддиақал мардуми худро сероб кардем? Танҳо имрӯз ҷомеаи кишвар гӯё огоҳ мешавад, ки 40% мардум дастрасӣ ба оби ошомиданӣ надоранд. Таҳлилгар Зафар Абдуллоев гуфтааст, ки пешниҳодҳое назири 10-солагии об барои ким чӣ... фақат аз ҳукуматҳои Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Қирғизистон барин кишварҳо мешавад ва фақат барои як мақсад-аз давлатҳои бузургу созмонҳое чун СММ ёрдампулӣ талаб кардан. Фақат грантхӯрӣ, аммо ин заҳр аст барои рушди ҷомеа ва иқтисодиёт. Ба 40% аҳолии мо оби тоза на барои он намерасад, ки дарёву канал надорем, барои он ки дар Тоҷикистон фасоду авлодпарастӣ бисёртар аст. Барои мо 10-солагии мубориза бо фасодчиён дар ҳукумат эълон кардан даркор.

Нашрияи русии “Азия-плюс” (№45 (1028), аз 11 июни соли 2015) дар бораи хатари гуруҳҳои экстремистии исломӣ ба ҳавзаи кишварҳои Осиёи Марказӣ матлаби таҳлилӣ чоп кардааст. Муаллифи мақолаи “Исламская угроза” бар ин назар аст, ки гуфтугӯҳо дар мавриди эҳтимолияти вуруди гуруҳҳои мусаллаҳи радикал, аз ҷумла Толибон ба мамолики Осиёи Марказӣ шаш сол пеш вақте Барак Обама, президенти ИМА тасмим гирифт неруҳои армикоиро аз Афғонистон хориҷ мекунад, сар шуда буд. Аммо чанде пештар санаи хуруҷи ниҳоии қувваҳои хориҷа аз Афғонистон боз то  моҳи январи соли 2017, яъне то охири маъмурияти Обама тамдид шуд ва дар пасманзараи ин хатари толибони гуруҳҳои дигар ба Осиёи Марказӣ бори дигар вирди забонҳо гашт. Муаллифи мақола руҷуъе ба гузашта мекунад ва омилҳои ноамнӣ дар марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистонро аз аввали солҳои 20 асри гузашта то ба имрӯз ба риштаи таҳлил мекашад. Ва баъдан бо таҳлили вазъи кунунӣ роҳҳои раҳоӣ аз буҳрони амниятиро нишон медиҳад. Аз ҷумла, ба андешаи муаллиф чораҳои таъқибу таҳдид бо баҳонаи мубориза бо ҳизби исломии Узбакистон, Давлати исломӣ ва ғайра натиҷаи баръакс медиҳад. Мо омилҳои зиёди ташдиди амниятӣ дорем, аз ҷумла фақр, бекорӣ, коррупсия, ки метавонанд сабабгори рушди бунёдгароӣ, терроризм ва хушунат шаванд,- менависад ӯ.    

Нашрияи “СССР” (№23 (352), аз 11 июни соли 2015) дар матлабе навиштааст, ки Арабистони Саъудӣ бо Тоҷикистон эълони ҷанги иттилоотӣ  кардааст. “...ин ки Саъудӣ бо давлати мо ҷанги иттилоотӣ эълон кардаву тавассути ТВ “Висоли ҳақ” ва диктори адамулхиради эронтабори суннимазҳаби салафияпешааш мардуми мусалмонро мешӯронад, факти дигар аст. Ҳоло пурсида мешавад, ки чаро вазири хориҷаи мо, муҳтарам Сироҷиддин Аслов то имрӯз аз сафири Саъудӣ дар ҶТ суол накардааст, ки ба ТВ Висоли ҳақ кӣ иҷозат додааст, то ба корҳои дохилии як кишвари хориҷӣ мудохила кунад? Висоли ҳақ чаро мисли тонк зидди идеологияи давлати мо равона шудаву мардуми мусалмонро бо фактҳои дурӯғин мешӯронад?”

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?