Ба мусалммондухтарони Ҳинд ҳаққи бо ҳиҷоб имтиҳон супурдан доданд

Мусалмондухтарони иёлоти Керали Ҳинд ҳуқуқ пайдо карданд, ки барои супурдани имтиҳонҳои давлатӣ бо ҳиҷоб ҳозир шаванд.

Вале барои он онҳоро лозим омад, ки хеле талош кунанд ва ҳатто ба Додгоҳи олии ин кишвар муроҷиат намоянд.

Бонуи мусалмони ҳиндӣ бо исми Амно бинти Башор барои ҳуқуқҳои аздастрафтаи худ чун як бонуи мусалмон билохира ба Додгоҳи олӣ муроҷиат кард.

Ба бахти баланди ин духтар суд аз ӯ ҷонибдорӣ намуд. Акнун вай сабаб шуд, ки дар Ҳинд мусалмондухтарон бо пӯшиши исломӣ имтиҳон супоранд.

Вале шарти ягона он аст, ки ин бонувон ҳаддиақал ним соат пештар аз оғози имтиҳонот ҳозир шаванд, то ходимони раёсати маориф тафтиш кунанд, ки мабодо зери рӯмолашон шпаргалка ё садопазир надошта бошанд.

Назарҳо

Дар як кишваре ки 98 % дарсадаш мусалмон аст мардумаш ҳақи пушидани сатро надорвд ин шарм ва ор аст ба давлати демократии бардуруғ

Шояд шумо суол ё назаре доред?