Ба як солу нуҳ моҳ маҳкум шудани Аваз Назаров дар Лондон

Аваз Назаров, соҳибкори тоҷик, ки то соли 2005 аз манфиатбардорони Ширкати алюминиюми Тоҷикистон - "Талко" ва "Тоҷпромбонк" маҳсуб мешуд, дар Инглистон ба 1 солу 9 моҳи зиндон маҳкум шуд. 

Аваз Назаров барои иҷро накардани царори Додгоҳи олии Лондон, ки =ро ба баргардонидани 35 миллион доллари як соҳибкори рус муваззаф карда буд, зиндонь шудааст. 

Аммо айни замон Аваз Назаров дар Узбакистонаст ва маълум нест, ки чӣ гуна ҳукми зиндонро адо мекунад.

Ин ҳукм ба моҷарои Корхонаи алюминиюми тоҷик бо ширкати "Ансол Лимитед"-и Аваз Назаров ҳеҷ робита надорад.  Аммо Аваз Назаров 10 миллион доллари ин маблағро барои пардохти ҳаққи вакилони мудофеъ дар баҳси додгоҳиаш бо Корхонаи алюминиюми Тоҷикистон аз ширкати VIS Trading, мутааллиқ ба Валерий Воробёв, як соҳибкори рус гирифта ва дигар барнагардондааст.

Додгоҳи Олии Лондон се сол пеш ба Аваз Назаров амр дода буд, барои риоят накардани қарордодҳояш бо ширкати VIS Trading Co Limited ба ин ширкат 35 миллион доллар бипардозад, вале Аваз Назаров ин амрро иҷро накардааст. 

Аваз Назаров аз ширкати мазкур тақрибан 24 миллион доллар пул гирифта ва ваъда додааст, ки онро бармегардонад, аммо натавонистааст. 35  миллион доллар бо шумули ҷаримаву хароҷот таъин шудааст.

Аваз Назаров дар мурофиа тарики онлайн ширкат карда, иддао кардааст, ки судури ҳукми зиндон беҳуда аст, чун ӯ дар қаламрави Бритониё нест, вале бо вуҷуди ин додрас гуфтааст, амалкардҳои Назаров мухолифи қонун аст ва ӯ бояд дар назди додгоҳ ҷавоб гӯяд. .

Аваз Назаров то соли 2005 яке аз миёнаравҳои асосӣ барои фурӯши алюминий аз Тоҷикистон буд, вале соли 2003 бо директори вакти  корхона Абдукодир Эрматов аз Тоҷикистон фирор карда, бо ширкаташ “Ансол Лимитед” Корхонаи алюминиюмро додгоҳ кашид. 

ҳукумати Тоҷикистон муштаракан бо "Русал" уро дар каллоби ва аз худ кардани садҳо миллион доллар муттахам карданд, аммо кор то мурофиа нарасид.
 Аммо даъвои Назаров алайхи Талко  дар Суди Олии Лондон баррраси шуда, баъди даъвати Муродали Алимардон суд бо мусолихаи тарафҳо анҷом ёфт.

Талко барои ҳалли ин баҳс дар додгоҳҳои Лондон бештар аз 50  миллион доллар харҷ карда, ҳукумати Тоҷикистон дороиҳои Назаров ва Абдукодир Эрматовро дар Тоҷикистон, ки худуди 100 миллион долларро ташкил медодаанд, мусодира карда буд.  

Алайҳи Назаров дар Тоҷикистон, Русия  ва Озарбоҷҷон парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд. Уро соли 2012 бо дархости Русия дар Олмон дастгир карданд, вале баъд аз чанд рӯз озод намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки атрофи ТАЛКО ва гардиши маблагҳои ҳангуфти ин корхона сирҳое зиёде мавчуданд, ки тадриҷан фош мешаванд.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?