Баъди 6 сол Минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим ба фаъолият шуруъ кард

Пас аз шаш сол нахустин корхонаҳо дар Минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим ба фаъолият шуруъ мекунанд.

Бино ба иттилои Нилуфар Асламшоева, сухангӯи Мақомоти иҷроияи вилояти Бадахшон ду ширкати хусусӣ барои фаъолият дар Минтақаи озодии Ишкошим сертификат дарёфт карда, рӯзҳои наздик ба истеҳсоли маҳсулот шуруъ хоҳанд кард. ҶДММ “Роҳи абрешим” ва ҶСК “Хизматгор” нахустин ширкатҳое мебошанд, ки барои фаъолият дар Минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим сертификат гирифтаанд.

Ба иттилои мақомоти Бадахшон, ҶДММ “Роҳи Абрешим” дар Ишкошим маркази тиҷоратӣ бунёд карда, ҳамчунин ба коркарди доруворӣ аз растаниҳои шифобахши куҳӣ машғул хоҳад шуд.

-ҶСК “Хизматгор” таҷҳизот ва маводҳои сохтмонӣ истеҳсол хоҳад кард. Минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим дар наздикии марз бо Афғонистон қарор дорад, маҳсулоти истеҳсолмекардаи ин ширкат ба бозори ин кишвар ба фуруш бароварда мешавад,-мегӯяд Нилуфар Асламшоева.

Минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим 2-юми феврали соли 2009 ташкил шуда буд. Айни ҳол дар Тоҷикистон чор минтақаи озоди иқтисодӣ,  “Панҷ”, “Данғара”, “Суғд” ва “Ишкошим” амал мекунад.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?