Баҳонаи "Барқи тоҷик" барои боло бурдани нархи барқ

Ширкати “Барқи тоҷик” бо пахши як изҳороти расмӣ боло рафтани нархи як киловат нерӯи барқро шарҳ дод.

Ширкат ҳар гуна баҳона пеш меорад, ки яке аз онҳо арзон будани нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон нисбат ба тарифи нерӯи барқи дигар давлатҳои ИДМ мебошад: “Барои мисол, тибқи маълумотҳои расмии Кумитаи иҷроияи Шӯрои электроэнергетикии ИДМ, дар соли 2015 тарифи миёнаи 1 кВт.соат нерӯи барқ дар Ӯзбекистон – 3,9 сент, дар Россия – 4,59 сент, дар Озарбойҷон – 3,3 сент, Арманистон – 8,38 сент, Белорус – 10,93 сент, Молдова – 8,91 сент ва Украина – 6,52 сентро ташкил медиҳад.

Дар Тоҷикистон бошад, тарифи миёнаи 1 кВт.соат нерӯи барқ 1,51 сентро ташкил медод”. Маъмурини ширкати «Барқи Тоҷик» ба хотири баланд бардоштани нархи барк, рӯйирост дар чашми мардум хок мепошанд.

Аввал масъулини ширкати "Барқи тоҷик" ёдрас менамоем, дар кишварҳои зикр гардида, арзиши 1 кВт барқи истеҳсолшуда дар қиёс ба Тоҷикистон гаронтар аст. Зеро, дар ин мамолик бештари барқи истеҳсолшуда тариқи неругоҳҳои ҳастаӣ (АЭС) ва Марказҳои гармидиҳӣ (ТЭЦ) тавлид мешаванд. Ва табиист, ки ин нисбат ба барқи аз неругоҳҳои обӣ тавлидёфта қимати бештар бояд дошта бошад.

Дуввум бояд инро қайд кард, ки дар кишварҳои номбаршуда чанд намуди системаи нархнома вуҷуд дорад: вобаста аз минтақа, зимистона-тобистона, шабона-рӯзона, лимити муқарраршуда (манзурам , ки масалан то 500 киловатт як нарх бошад, аз 500 киловатт, ки зиёд шуд нарх дигар мешавад), барои хонаҳои дорои «ошпазҳои барқӣ» ва бидуни он, ва ғайра.

Яъне нархнома дар ин кишвархо даҳ паҳлу дорад. Савум. Бале, нархи барқ дар кишвархои номбурда нисбат ба Тоҷикистон баланд аст, аммо, дар ин кишварҳо ҳам маош ва ҳам нафақа нисбат ба Тоҷикистон дар соли 2015 ба ҳисоби миёна аз 2 то 6 баробар зиёд буд. Инро ба инобат нагирифтан, ҳеч мумкин нест. Чунки мушкилии мо дар камии пул не, дар набудани он аст. Чорум.

Дар кишварҳои мазкур истифодаи барқ нисбати ба мо дучанду сечанд кам аст, чун ки дар онҳо барқро танҳо ба хотири рӯшноӣ истифода мебаранду халос. Ба хотире ки дар онҳо мушкили набудани оби гарм, «гармидиҳӣ» ва газ вуҷуд надорад. Дар мо бошад барқ тақрибан ҳамаи зиндагии мардум аст: рӯшноӣ, гармидиҳии хона, обгармкунӣ, пухту паз ва ҳоказо.

Панҷум. Набояд фаромӯш кард, ки аҳолӣ танҳо 20% аз ҳаҷми умумии барқи тавлидкардаи «Барқи Тоҷик»-ро ба кор мебаранд. Андозаи миёнаи нархи барқ (1кВТ.с - 1,51 сент), ки «Барқи Тоҷик» нархгузорӣ карда аст, агар нармтар гӯем, ба воқеъият ҳеҷ мутобиқат надорад, зеро нархи фурӯши он барои созмонҳои буҷавӣ, масрафкунандагони саноъатӣ ва ғайрисаноъатӣ аз нархи аҳолӣ 2- 2,2 маротиба болотар асту бас.

Аммо ин, ки гӯё, «Барқи тоҷик» аст, аз «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» барқро бо нархи баланд мехараду бо нархи арзонтар ба «ТАЛКО» мефурӯшад (дар омади гап, онҳо дар фасли зимистон барқро 63% гаронтар мехаранд), ин мушкили байни онҳост, ин мушкилии «Барки Точик» аст на мушкили мардуми бечора, ки аз рӯи одат айбҳои худро бар сараш мезананд. Кӯтоҳии «Барқи Тоҷик» дар услуби идораи он аст, на дар нархгузорӣ ва таърифаи нерӯи барқ.
 

Назарҳо

Хами барки точик ягон сохиби хуб пайдо накард. Кай ино сер мекарда бошанд. Да Руссия чангалеки 2 е 3 ахоли дорад свет дорад. Лек мо дар шахр зиндаги мекнам свет нест.

Шояд шумо суол ё назаре доред?