Баҳси мақомоти ИМА бо Apple ба анҷом расид

Вазорати адлияи ИМА шикояташ алайҳи ширкати Apple-ро бозпас гирифта, хоҳони лағви мурофиаи додгоҳӣ дар суди штати Калифорния бо ин ширкат шудааст.

Ин вазорат гуфтааст, ки мутахассисони ФБР мустақим муваффақ ба шикастани қуфли Айфони Форуқ шудаанд.

Моҳи декабри соли гузашта Ризвон Форуқ ва ҳамсараш дар ҳамла ба як маркази беҳдоштӣ дар Сан-Бернандино, ки худи Форуқ дар он кор мекард, 14 нафарро куштанд. Дар ҷараёни муқовимат бо пулис онҳо низ ба ҳалокат расиданд. Баъдан хадамоти ҷосусии Амрико эълон кард, ки онҳо дар рӯзи ҳамла бо афроде аз ДОИШ вориди суҳбат шуда ва байъат карда буданд. Мақомоти ИМА мегуфтанд, ки дар телефони ӯ феҳрести онҳое, ки дар иртибот шудааст, мавҷуд аст, аз ин сабаб хоҳони ҳамкорӣ бо ширкати Apple шудаанд. Аммо ин ширкат шикастани рамзи телефонро рад кард.

Ҳоло муфаттишони ФБР гуфтаанд, ки шикастани рамзи Айфони Форуқ имкон додааст, ки маълумоти сирриеро дар бораи гуруҳҳо ва афроди саргарм ба амалиётҳои террористиро ошкор кунанд.

Ахиран баъзе расонаҳо навиштанд, ки дар қуфлшикании Айфони Ризвон Форуқ як ширкат аз Исроил кӯмак кардааст.

Намояндаи Apple алҳол аз изҳори назар дар ин бора худдорӣ кардааст.  

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?