Кумитаи дин нархи сафари Ҳаҷ-2015-ро наздики 5 ҳазор сомонӣ гаронтар кард

Нархи сафари ҳаҷ-2015 22 ҳазору 906 сомониву 98 дирам муайян шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 4 ҳазору 740 сомонӣ бештар мебошад.

Тибқи иттилои Кумитаи дини Тоҷикистон, зоирини тоҷик барои сафар ба Ҳаҷ 22 ҳазору 906 сомониву 98 дирам, баробар ба 3 ҳазору 670 доллар бояд пардохт кунанд. Соли гузаша нархи сафар 18 ҳазору 164 сомониро ташкил медод.

Ба гуфтаи масъулини Кумитаи дин, ин маблағ ба харҷи парвоз бо ҳавопаймо дар масирии Душанбе – Ҷидда –Душанбе, пули ғизо ва зиндагии онҳо дар меҳмонхонаҳои шаҳрҳои Макка ва Мадина, ҳаққи хидмати роҳбаладон, суғуртаи тиббии зоирон, пули либоси ягона ба зоирон ва пули чорво барои қурбонӣ сарф мешавад.

Кумитаи дин шарҳ надодааст, ки чаро ба як бор нархи сафари ҳаҷро гарон кардааст. Аммо масъулини Кумита мегӯянд, ки ин маблағ дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ муайян шуда, қабули маблағ аз ҳоҷиён тариқи нуқтаҳои “Ориёнбонк” сурат мегирад.

Қаблан, Кумитаи дин бо нашри як баёния сабабҳои гарон будани нархи сафари ҳоҷиён аз Тоҷикистонро нисбат ба Қирғизистон шарҳ дод, ки ба гуфтаи онҳо зоирони тоҷик дар наздикии Ҳарам иқомат карда, ба сатҳи баланд хидмат расонида мешавад. Нархи сафар ба ҳаҷ аз Тоҷикистон нисбат ба Қирғизистон 1200 доллари ИМА зиёдтар мебошад.

Дар баёнияи мазкур Кумитаи дин мегуфт, ки “сифати хидматрасониҳои ҷониби Тоҷикистон беҳтар аст, аз ин сабаб гаронтар мебошад. Ҳамчунин, онҳо таъкид кардаанд, ҳоҷиёни қирғиз аз ҳисоби худ қурбонӣ мекунанд ва нархи чиптаи ҳавопаймо низ дар Қирғизистон нисбат ба Тоҷикистон 250 доллар арзонтар мебошад.”

Сабаби дигари гарон будани нархи ҳаҷ дар Тоҷикистон ба гуфтаи масъулини Кумитаи дин, “дар барномаи махсуси омӯзишие мебошад, ки дар он аҳкоми шаръии ҳаҷ ва дигар масоили вобаста ба он омӯзонида мешавад. Аз ин лиҳоз, нархи хизматрасониҳо вобаста ба сатҳ ва сифати он аз ҳам фарқ мекунад. Яъне, азбаски хизматрасониҳои ҳоҷиёни тоҷик дар сатҳи баланд ба роҳ монда мешаванд, табиист, ки он ба нархи умумии сафари Хонаи Худо таъсир мегузорад”.

Арабистони Саудӣ барои зиёраткунандагони Тоҷикистон ҳудуди 6 ҳазор квота ҷудо мекунад. Пештар аз ин, Кумитаи дин зиёрати ҳаҷи фарзиро барои шаҳрвандони то 35-сола манъ карда буд. 

Copyright © 2015 TojNews

Назарҳо

Бе зар наметавон зад по дар харими Каъба, Муфлис макон надорад дар хонаи Худо хам. Бедил
Нагз ку агар ба доллар баргардонем кариб 70 доллар аз порсола арзонтар ку
Tamomi harojothoi dar bolo zikrshuda dar Kirgiziston ba digar davlatho dar daruni masraf meboshad.Kumitai din mablagi garonshudaro baroi asosnok kardan Gaphoi Durugro gap zada istodast. Inchunin Ikomat dar nazdi Kaba nabuda Chandin kilometr dur meboshad va mehmonhonahoi sifatsh past joygir mekunand hama ba hotiri Mablag kor kardan meboshad. Sathi hizmatrasonii Tojikho ba misli Hinduho meboshad. Muboliga , durugi zimni ast.
Sher e ki dar on sanati muboliga dida meshavad
Sher e ki dar on sanati muboliga dida meshavad

Шояд шумо суол ё назаре доред?