Барандагони Ҷоизаи Лоҳутӣ мушаххас шудаанд

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон 17-уми октябр барандагони Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутиро эълон хоҳад кард.

Зинатуллоҳ Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мегӯяд, “Кумитаи ҷоизаҳои ИЖТ аз байни беш аз 30 нафар журналистон ва тадқиқгароне, ки маводи худро пешниҳод сохта буданд,  беҳтаринҳоро муайян намудааст, ки исми онҳо рўзи 17 октябр дар ҷаласаи тантанавӣ эълон мегардад.”

Ҷаноби Исмоилзода илова кард, ки “ба ғолибон мукофоти пулӣ, шаҳодатнома ва нишони Лауреати Ҷоизаи Абулқосим Лоҳутӣ тақдим карда мешавад.  “

Ҷоизаи мазкур ҳамасола дар чор бахш: матбуот, радио, телевизион ва маводи илмӣ – тадқиқотӣ супорида мешавад. Дар назар аст, ки дар маросими супоридани Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, ҷомеаи журналистии кишвар, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ иштирок кунанд.

Дар Иттифоқи журналисон мегӯянд, дар ин рўз ҳамчунин ғолибони Ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ барои донишҷўёни факултаҳои журналистӣ низ муаррифӣ мешаванд.

Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ баландтарин ҷоиза барои журналистони тоҷик буда, ҳамасола дар Рӯзи матбуот 11-уми март супорида мешуд. Аммо Раёсати Иттифоқи журналистон имсол эълон кард, ки ҷоиза дар ҷашни Истиқлолият супорида мешавад.

Ҷоизаи ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ соли 1968 таъсис ёфтааст ва ҳар сол барои беҳтарин дастоварди рӯзноманигорӣ дар Рӯзи матбуот тақдим мегардад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?