Барканории 10 ҳазор нафар дар Туркия бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Гулен

Ҳукуматдорони Туркия беш аз 10 ҳазор нафарро ба сабаби ҳамкорӣ ва ё ҷонибдориашон аз Фатуҳулло Гулен аз кор барканор кардаанд.

Дар миёни онҳо ҳазорон нафар духтурон, докторони илм, ходимони давлатӣ, руасои ширкатҳо, кормандони шинохтаи илму фарҳанг мебошанд. Рӯзи шанбеи гузашта қарори барканории ин афрод аз кор расман интишор ёфт ва тибқи ҳамин қарор 15 воситаи ахбор низ дар Туркия баста шуданд.

Аммо аз қарор маълум нест, ки дар миёни ин даҳ ҳазор нафар касоне ҳам ҳузур доранд, ки қаблан боздошт ва ҳабс шудаанд ва ин ин афрод касони наванд, ки ахиран парвандаҳои ҳамкориашон бо Гулен ошкор шудааст.

Гуфтанист, ки моҳи июни соли равон дар Туркия як табаддулоти нофарҷоми ҳарбӣ хунсо шуд ва ба дунболи он ҳукумати Эрдуғон эълон кард, ки ин табаддулот кори дасти Фатҳулло Гулен ва созмонҳои таҳти назорати ӯ буд.

Фатҳулло Гулен руҳонии саршиноси турк аст, дар Амрико зиндагонӣ мекунад. Ҳукумати Эрдуғон борҳо аз Вашингтон тақозо кардааст, ки Гуленро ба мақомоти турк таслим кунад. Вале Кохи Сафед мегӯяд далелҳои даст доштани Гулен дар ин табаддулотро намебинад ва онҳо барои боздошт ва истирдоди руҳонии шинохта кофӣ нестанд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?