Барканории ду мақоми ВКД дар Бадахшон барои роҳ додан ба камбудиҳо

Сардорони БДА дар вилояти Бадахшон ва шаҳри Хоруғ барои роҳ додан ба камбудиҳо аз мақомҳояшон барканор шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД,  дар пайи нигаронии Вазири корҳои дохилӣ ҳамчунин чандин мақомдорони ВКД дар Бадахшон барои роҳ додан ба камбудиҳо аз ҷониби Рамазон Раҳимзода огоҳӣ гирифтаанд.

Азҷумла бо фармони Рамазон Раҳимзода ба Абдулваҳоб Искандарзода, сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ ва муовинонаш “Огоҳӣ” дода шуда, онҳо барои бартараф кардани камбудиҳо як моҳ мӯҳлат гирифтаанд.

Ҳамчунин ба Гайдар Дарвешов, сардори Шӯъбачаи вилоятии бақайдгирии имтиҳонотии БДА дар ВМКБ, сардори шӯъбачаи назорати техникӣ ва ҳамаи сардорони Шӯъбаҳои бозрасии давлатии автомобилии ин вилоят “Танбеҳ” эълон шудааст.

15-уми декабр дар як ҷаласаи назди Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, аз бетартибӣ ва бенизомӣ дар назди бозори шаҳри Хоруғ нигаронӣ карда талаб кардааст, ки барои ба низом даровардани воситаҳои роҳу нақлиёт тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дафтари матбуоти ВКД дар шарҳи ин хабар менависад, дар ҷаласаи мазкур “масъалаҳои пурзӯр намудани фаъолият дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, авбошиҳо, оид ба низом даровардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои шаҳри Хоруғ ва автомашинаҳои сиёҳшишаи беиҷозат, тамбашавӣ ва бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта мавриди баррасӣ қорор гирифтанд.”

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?