Барканории муовини Раиси Суди олӣ

Муовини раис ва ду судяи Суди олии Тоҷикистон аз мақомҳояшон бозхонд шуданд.

5-уми май Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди Президент Басбӣ Холова, муовини раиси Суди олӣ ва Абдуҷаббор Сатторзода, раиси Коллегияи ҳарбӣ аз мақомҳояшон бозхонд кард. Аввалӣ бо сабаби бознишаста шудан ва Сатторзода бо сабаби ба вазифаи дигар гузаштан аз вазифаҳояшон барканор шуданд.

Абдуҷаббор Сатторзода муовини раиси Суди Олӣ, Сайдалӣ Раҳмонзода, раиси Коллегияи ҳарбӣ, Бахтулло Раҳматуллозода ва Саломат Ҳакимзода судяҳои Суди Олии Тоҷикистон ва Файзалӣ Комилӣ судяи Суди Олии иқтисодӣ интихоб гардиданд.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?