Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Муҳаммад Ашраф Ғанӣ

Таркиш дар Кобул

Президент Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли як барқияи тасаллият унвонии ҳамтои афғонаш Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба ҳалокати 66 сокини осоишта дар ин кишвар изҳори тасаллият кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон азҷумла омадааст:

Хабари ҳамлаи хунинтарини маргталабонро дар Кобул, ки муҷиби ҳалокату захм бардоштани теъдоди зиёди мардуми осоишта гардид, бо андӯҳи бузург  дарёфтам.

Ҷониби Тоҷикистон дар қатори тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ин аъмоли зишту ғайриинсонии интиҳориёнро қатъиян маҳкум намуда, зарурати таъхирнопазири таҳкими муборизаи дастаҷамъонаро алайҳи нерӯҳои аҳримани терроризми байналмилалӣ  таъкид менамояд. Дар ин лаҳзаҳои барои мардуми дӯсти Афғонистон ҳассос мо омодагии хешро ҷиҳати тақвияти воқеии ҳамкории кишварҳоямон дар роҳи решакан кардани ҳамгуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ иброз медорем.

Эҳсоси ҳамдардӣ ва ғаму ғуссаи амиқи моро ба ҳар хонаводаи  фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастем».

Дар натиҷаи ду таркиш дар ҷараёни тазоҳуроти “Ҷунбиши Рӯшноӣ” дар Кобул 66 нафар ба ҳалокат расида, 305 нафар ҷароҳат бардошта буд.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?