Баррасии 10 маърӯзаи илмӣ дар Конфронси кумитаи забон ва истилоҳот

Дар Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ, ки рӯзи гузашта таҳти унвони «Истиқлолият ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон» дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шудааст, 10 маърӯзаи илмӣ мавриди баҳсу баррсӣ қарор гирифтааст.

Гавҳар Шарофзода, Райиси Кумитаи забон ва истилоҳот дар сухани ифтитоҳии худ бори дигар ба пок нигоҳ доштани забон ва тоза кардани он аз унсурҳои барои омма номафҳум таъкид кардааст.

Ширкаткунадагон зикр кардаанд, ки имрӯз забони тоҷикӣ дар як қатор давлатҳои аврупоиву шарқӣ ба монанди Фаронса, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Исроил, Канада, Чехия, Чин, Ҳинд, Покистон, Ўзбекистон, Арманистон, Гурҷистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия омӯхта мешавад ва хоҳишмандони донистани ин забон ҳамвора рӯ ба афзоиш аст.

Дар баъзе аз ин кишвар нашрияҳо бо забони тоҷикӣ табъу интишор мешаванд, ки ин аз густариш ёфтани забони тоҷикӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ дарак медиҳад.

Ширкаткунандагон зимни баҳсу баррасӣ атрофи маърӯзаҳои ироашуда роҷеъ ба тадбирҳои амалии рафъи мушкилоти забон дар самти татбиқи Қонуни забон ва андешидани чораҳои самаровар барои рушду густариши забони давлатӣ ва бартараф намудани монеаҳо дар ин самт андешаҳои судманд баён крадаанд.

Дар Конфронс ҳамчунин дар мавриди ташкили маркази омӯзиши забон дар дохил ва хориҷи кишвар, ҳамгунсозии истилоҳоти соҳавӣ, омўзиши сарчашмаҳои таърихии забон ва ҳамкориҳо бо ниҳодҳои илмии омӯзишу пажуҳиши таърихи забон сухан рафтааст.

Шояд шумо суол ё назаре доред?