Баррасии масоили марбут ба таъмири Норак

Вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён ва намояндагони Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон масоили марбут ба лоиҳаи таъмири НБО «Норак»ғро баррасӣ карданд.

Патрисия Виверс-Картер, масъули намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ва Абдусалом Қурбониён мақоми лоиҳаи нави таъмири НБО «Норак» ва беҳбуд бахшидан ба вазъи молии ширкати «Барқи тоҷик»-ро баррасӣ кардаанд.

-Диққати махсус ба масоили марбут ба маблағгузории лоиҳаи мазкур дода шуда, ҳамчунин масъалаи таъмири пурраи НБО «Норак» мавриди муҳокима қарор гирифтанд,-таъкид мекунад манбаъ.

Қаблан гуфта мешуд, ки ин неругоҳ қисман таъмир шуда, умри он боз ба 100 соли оянда дароз карда хоҳад шуд ва анҷоми лоиҳаи мазкур ҳудудан 600 милион доллар маблағро тақозо мекунад.

Ҷалби сармоя барои маблағгузории ин лоиҳа бо Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, Бонки исломии Рушд, Бонки Осиёсии сармоягузории инфрасохторӣ ва Бонки Авруосиёии тармим ва руш  мавриди муҳокима қарор дорад.

НБО «Норак», ки беш аз 40 сол қабл дар Рӯди Вахш бунёд шуда, манбаи асосии неруи барқи кишвар мебошад, баъд аз таъмир метавонад боз 100 соли дигар бемамоният фаъолият кунад. 

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?