Баста шудани 9 макони ташвиқи занон ба танфурӯшӣ

Зарфи нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе зиёда аз 9 макони ташвиқи занон ба танфурушӣ ошкор ва баста шудааст.

Масъулин мегӯянд, ин марказҳо дар пайи санҷишҳои Кумитаи кор бо занон ва оила ва мақомоти корҳои дохилӣ ошкор шудаанд.

Бино ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оила,”бархе маконҳои ташвиқи танфурушӣ ё вақтхушгузаронӣ ки хилофи арзишҳои ахлоқи динӣ ва милли мост аз тарафи бархе кормандони  мақомот «криша» доранд.”

Дар Кумита таъкид мекунанд, ки “барои тарбияи духтарон ва аз роҳҳои ғайриаҳлоқӣ баргардондани инҳо тамоми тадбирҳоро андешида, дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбута, васоити ахбори омма ва шахсиятҳои матраҳшуда дар ҷомеа барномаҳои мушаххасро  амалӣ  карданианд.”

Қаблан Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила дар нишасти матбуотӣ оид ба зуҳуроти танфурӯшӣ ва пешгирии духтарони ба ин роҳ фирефташуда иброз дошта буд, ки то вақте мо роҳи “танхарон”-ро набандем ва муҷозот накунум, роҳи танфурўширо гирифта наметавонем. “Қабл аз ҳама бояд ба мардон фаҳмонем ки ин амал аз нигоҳи дин ва ахлоқи миллӣ мо дуруст нест ва Шумо низ хоҳар ва духтар доред дар ин бора фикр кунед”,-гуфта буд раиси Кумита.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?