Баста шудани қариб 22 ҳазор симкорти Beeline барои қаллобии мобилӣ

Ширкати Beeline  ба мизоҷони худ ҳушдор додааст, ки аз қаллобони мобилӣ эҳтиёт бошанд.

Ба гуфтаи масъулини ширкат, соли гузаша гузашта қариб 21216 рақаме, ки ба муштариёни ширкат таҳдиди хатар доштанд, аз ҷониби Beeline баста шудаанд.

Дар ширкат мегӯянд, “мақсади ин шахсон ба маълумоти шахсӣ ва суратҳисоби мизоҷон роҳ ёфтан аст.    Усулҳои маъмултарини қаллобӣ – зангҳо бо таклифи баргардонидани ҳуҷҷатҳои гумшуда, зангҳо оид ба ҳодисаҳои нохуш бо хешовандон ва хабарҳо дар бораи туҳфаҳои бардурӯғ. Барои ба доми қаллобон наафтидан тавсия дода мешавад, ки ба SMS-паёмакҳои шубҳанок ҷавоб надиҳед, ба рақамҳои ношинос пул нагузаронед, шартҳои хизматрасониҳоро бодиққат хонед, арзиши онҳо ва маълумотро дар бораи иқдом ва мусобиқаҳо аниқ намоед.”

Ба гуфтаи Рустам Сияров, менеҷер барои таҳлил ва идоракунии хатар ва амнияти ширкати Beeline, “Beeline” ҳамеша фикри таъмини бехатарии мизоҷони худро мекунад ва бино бар ин низомҳои бехатарии худро бар зидди қаллобон, ки мехоҳанд ба суратҳисобҳои шахсии мизоҷони ширкат роҳ ёбанд, доим мустаҳкам мегардонад.”

Ширкати Билайн аз мизоҷони худ хоҳиш кардааст, ки бо марказҳои хизматрасонии Beeline тавассути рақами 0611 тамос бигиранд ва ё ба рақами 0622 SMS ирсол намуда, маълумотро дар бораи хамаи иқдомҳо аниқ кунанд ва ё дар бораи содир шудани қаллобии мобилӣ хабар диҳанд. “Маълумоти гирифташуда коркард мешавад ва дар ҳолати тасдиқ шудан, ширкат оид ба боздоштани хизматрасонии рақами қаллоб дар робита бо вайронсозии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррароти ширкат чораҳо меандешад.” 

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?