Баёнияи муассис ва кормандони ҳафтаномаи “Нигоҳ”

Раёсати Созмони иҷтимоии “ИНДЕМ” – бунёдгузори ҳафтаномаи иттилоотиву таҳлилии “Нигоҳ” бо таассуф изҳор медорад, ки  нашри ҳафтаномаро маҷбур аст, бино ба адами мавҷудияти шароити лозим, қатъ намояд.

Даҳ сол, аз моҳи декабри соли 2006 “Нигоҳ” ба унвони як нашрияи миллӣ, ки ҳадаф аз таъсиси он - эҷоди манбаъи мустақили иттилоъот ва таҳлил барои одамони фаъол буд, дар хидмати ҷомеа буд ва рисолати хешро пеш мебурд.

Нашрияи “Нигоҳ” талоше буд, ки бо шеваю усулҳои муҷоз, муҳимтарин масоили сарнавиштсозро мавриди баррасӣ қарор медод. Бунёдгузор ва аҳли қалами нашрия ҳаргиз ба масоили мубрами зиндагии мардум ва андешаҳои миллӣ бетафовут набудаанд.

 Мо вазифаи инсонӣ ва миллии худ медонистем,ки ин гуна фаъолият  дошта бошем. Ба мардум иттилоъи дақиқ расонем, таҳлилҳои дорои бурҳон ва далелҳои боварибахш  пешниҳод намоем.  Маъмулан хунсардона, гоҳо бо эҳсоси дард ва гоҳо бо ифтихор, баъзан ба нармиву баъзан огоҳона  бо тундӣ, вале ҳамеша бо мантиқ ва эҳтиром ба хонанда аз имрӯзу ояндаи миллати дерина ва сахтҷони тоҷик менавиштем.

 Кӯшиш  менамудем ,ки воқеияти зиндагии кунунии мардум ва вазъи кишвари азизамонро огоҳона ва ба дурустӣ ба мардум бирасонем. Дар давоми фаъолият борҳо бо мушкилоти мухталиф рӯ ба рӯ мешудем,вале ҳама сахтиҳоро таҳаммул мекардем, то нашрия фаъолияти хешро идома бидиҳад. Масоили  иҷтимоию иқтисодӣ, вазъи сиёсӣ ва фарҳангӣ, аҳволи мардуми кишвар дар чунин вазъият ҳамеша меҳвари аслии матолиби таҳлилии нашрияи мо буда аст.

Мо талош менамудем, аз як сӯй беҳтарин ойинҳо ва суннатҳои хабарнигорӣ ва рӯзноманигории миллиро нигаҳ дорем ва аз сӯи дигар посухгӯ ба ниёзҳои кунунии ҷомеа ва мардуми кишварамон  бошем ва аз абзорҳои кунунии журналистикаи муосир дуруст истифода кунем.

Барои мо бешакк мактаби устод Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров ва устод Улуғзодаю Отахон Латифӣ ва дигарон нуқтаи муҳиме буд, ки бо такя ба таҷриба ва арзишҳои он, хостем дар пешрафти кишвари азизамон саҳм дошта бошем. Умедворем ,ки то ҳадде гомҳои муассир дар ин роҳ бардошта бошем.

Ҳарчанд барои таърих даҳ соли фаъолият чандон дарозе нест, боз ҳам тақрибан ними умри давлатдории навинамон аст.

Роҳе ки мо тай кардем роҳи осон набуд, пастию баландиҳои зиёде дошт. Вале вақте ба гузаштаамон назар меандозем, гоҳо ифтихор мекунем, ки “Нигоҳ” ва дастандаркорони он ин роҳи борикро беҳуда напаймудаанд.

Соҳибмансабон ва ниҳодҳои вежа борҳо кӯшиш ба харҷ доданд, то ба сиёсати нашрия дахолат кунанд. Манофеъи шахсии хеш ё ҳаммаслаконашонро тавасути ин ҳафтанома таблиғ намоянд, ё ашхос ва ниҳодеро сияҳном кунанд, вале мо ҳаргиз ба худ иҷоза надодем, ки он чӣ хилофи инсоф, адолат, қонун ва манофеи миллии мо бошад, ба чоп бирасонем.

Зеро барои мо садоқат ба арзишҳои инсонӣ, таъмини авлавияти қонун, ҳифзи манофеи ҷомеа ва давлатдории миллии тоҷикон вазифаҳои муқаддас мебошанд.

Бунёдгузор ҳифзи ҳуқуқи инсон ва рушди матбуоти тоҷикро аз рисолатҳои худ дониста, зиёни моддӣ аз чопи нашрияро ҷуброн мекард. Рискҳои гуногунеро таҳаммул менамуд, вале манофеи ҷомеаро болотар медонист. Хидмат ба Ватану Миллат барои мо ҳамин буд.

Ҳам акнун, ки шароит барои табъу нашри як ҳафтаномаи мустақил мавҷуд нест,  бунёдгузори нашрия ва аҳли эҷоди он тасмим гирифтанд, чопи онро қатъ кунанд.

Ин тасмим барои мо, бисёр ҷиддӣ ва басо душвор аст. Зеро марбут ба умеду интизориҳои ҳазорҳо хонанда, кормандон ва муаллифони нашрия мебошад.

 Бо сипос аз ҳамаи онҳое, ки ин муддат бо мо буданд, заҳмати аҳли қалами  “Нигоҳ” буданро доштанд, замоне онро раҳбарӣ мекарданд, дар ҳамоишу идораҳо аз ин тарҳи барои миллату  ҷомеа муҳимм ошкору ниҳон пуштибонӣ мекарданд, гӯшаву бахш, сиёсати иттилоотӣ  ё фаъолияти идораи нашрияро  мавриди таҳқиқи илмиву назариявӣ қарор медоданд, мунтазам ё гоҳе рӯзнома мехариданд, огоҳ мекунем, ки шароити таҳия ва нашри “Нигоҳ”  дигар мавҷуд намебошад.

Назарҳо

навишта будм ки бо Дулик чака нашаве????
Нигоҳ ба хотири мақолае баста шуд ки дар бораи ҲНИТ чоп карда буд. Ин диктатура ва бастани озодии сухан аст
Миллат бе матбуоти мустакил чугихоро мемонад (((
Нигох гамхори чомеа буд. Нигохро баргардонед!!!!!
Дорем руз аз руз ба кавми баруйя наздиктар мешавем. Ба кабилае ки аз дур тамошо мекунад чи тур уро аз ангушту дасту бозу махрум мекунанд' чи тавр аз чашму гуш бинои ва хуш махрум месозанд миллат шуда наметавонад
Хукумати Точикистон агар то хол нафаре бохирад дошта бошад бояд ба президент бирасонад ки макомот ба диди худ вазъи чомеаро танг мекунанд. То аз ин кор танхо Эмомали Рахмон зиени сиеси мебинад, магар миллате ки дигар аз тарс дахолат дар ин корзорро тавон намекунад. Точики асил хамеша ба Озоди талош доштааст, ба озодии муха ну адабу виждонаш. Агар ин чанд нотавон медони станд ки барои мо сад сол пеш таксист матбуот чи мушкил от дошт, ин корро на мекарданд. Бо бастани нашрия пеши чашмони худро мебандем....
"НИГОҲ"-И МАРДУМИ СОҲИБНАЗАР... Кӣ баст роҳи дили аҳли ҳунарро? Шикаста ҳам зи дилҳо болу парро? Худо бандад нигоҳи он, ки барбаст, "Нигоҳ"-и мардуми соҳибназарро! 03.11.2016 Олмон
Сад афсус, умедворам, ки фаъолияти ин сомонаро катъ намекунед. Хафтаномаи "НИГОХ"-ро, ки ман хар хафта мехаридам, ба камаш 4-5 нафари дигар дар дехотамон мехонданд ва дар бораи хаводиси сиёси, иктисоди ва чамъитяии пеш аз хама Ватани азизамон, маълумоти объективона ва дакик мегирифтанд. Барои хамин ба хамаи онхое, ки дар тахия, нашр ва чопи хафтаномаи "НИГОХ" сахм доштанд, аз ситки дил Рахмати калон мегуям ва ба кору фаъолияти минбаъдаатон бурдборихо орзумандам.
Каблан ман ба хайси як хонанда нигохро мутолиа менамудам ва медидам ки дар хакикат оиди базе мушкилотхои чойдошта маколахои хубро пешниход мекарданд. Аммо дар базе холатхо холати як тарафаро интихоб карда ба мушкилоти чойдошта макола менавиштаанд, ман ки як мушкилоти руй когаз овардаи ин рузномаро хуб медонистам дидам ки аз нигоштахои ин рузноманигор камтар неву бисер яктарафи дида мешуд аз ин пас малум гардид ки ин рузноманигор холати 10 нафар одам е зиеда аз онро ба назар нагирифта манфиати ак шахси калобро аз манфиати ин инсонхо боло донистааст. Ин ба дикати нафси рузноманигор сахт нарасад зеро рузноманигор хамон касеро мегуйянд, ки дар мушкилоти руз " тадкикоти журналисти" мебарад ва мушилотро шафоф пешниходи хонанда мегардонад, зеро дар халк матале хаст, ки нофахмо расонидани хабар ин ба низох оварда мерасрнад.. Барори кор!!!!!!!!!!!
Аз баста шудани рӯзномаи ба ҷонам баробар сахт дар ташвишам ва амиқан андӯҳгин шудам, воқеан "Нигоҳ" рӯзномаи хонданбоб, тоҷикона , тарзи ифодаи мазмуни баланди каломро дошта масъалаҳои барои миллати тоҷик муфидро инъикос карда дар пешрафти илму фарҳанг, ваҳдати тоҷикон назир надошт, аз мутолиаи ин рузномаи сирф миллӣ лаззат мебурдам ва маънавиту тафаккури миллӣ ва маънавиёти хешро сайқал медодам, аз ин ба баъд ягон рузномаро намехарам ва намехонам, Навиштаҳои пурмазмуни устод Бобоҷони Шафеъ ва Амрулло барои ман аҳамияти хос доштанд. Сад афсӯс, ки ғайритоҷикони мақомот оҳиста оҳиста чанд соли охир ба ваҳдату фарҳанги тоҷик теша задан доранд ва ин амали хасмона ба матбуоти тоҷик зарари ҷуброннопазир дорад.
Нигох оооо НИГОХЕЕЕЕЕЕЕЕЕЕЕЕЕЕЕЕЕ чи гуям хеч ба худ намеоям. Маколаи Бузургмехр Еров олитарин буддддддддддддд афсуссс дигар чи хонам........Маколахои фачу лачи Фаражро харгиз неееееееееееее.
Дустов бузургтарин шахсед касби шуморо кадр накарданд донишу малакаи шуморо кадр накарданд ХУДОВАНД шуморо нигахбон бошад.Зик нашавед Худо шуморо дуст медорад ки ин кадар донишу акли 100 нафарро додааст ки бисерихо аз ин чиз тарсиданд.
Чисткаи соли 1937 акнун навбати газетахои мустакил. Барори кор
Ин ходисаи ногузир буда холи аз ин рузхои бадтар дар пеш аст..
Мухтарам Саймудин, Бисёр бахшиш, ки мо Шуморо хифз намуда натавонистем.
Аз он чиз тарс дорам ки ба кормандони нашрия ягон зиен нарасад.Худованд нигохбонатон азизони дилам.
Бовар кунед хелехо хурсанд шуданд аз бастани нигох лекин осиеб ба навбат аст. Хурсанди накунед пагох ба сари шумохам мебиед.

Шояд шумо суол ё назаре доред?