"Беэҳтиромӣ ба суд" ва "Таҳқири намояндаи ҳокимият" - Парвандаи нави Ёров

Наздикони Бузургмеҳр Ёров мегӯянд нисбати бародари маҳбусашон бар асоси ду моддаи қонуни ҷиноӣ парвандаи нав оғоз шудааст.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон, бар асоси ду моддаи қонуни ҷиноятии Тоҷикистон -  моддаи 350 (беэҳтиромӣ нисбати суд) ва 330 (таҳқири намояндаи ҳокимият)нисбати адвокати маъруф, ки 6-уми октаябр ба 23 соли зиндон маҳкум шуда буд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст, -мегӯянд наздикони адвокат.

Қаблан гуфта мешуд, ки парвандаи нав танҳо ба як моддаи қонуни ҷиноӣ - моддаи 356 асос ёфтааст. Ин модда “таҳдид ё зуроварӣ вобаста ба амалбарории адолати судӣ, таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ” ном дорад.

Бино ба гуфтаи наздикони адвокати маъруф, парванда аз ҷониби Прокуратураи генералии Тоҷикистон пас аз баҳси айбдоркунандаи давлатӣ бо Бузургмеҳр дар рӯзи 29-уми сентябр, вақте адвокат дар додгоҳи шаҳри Душанбе сухани ниҳоии худро ироа мекард, оғоз шудааст.

Бино ба гуфтаи онҳо, он рӯз Бузургмеҳр Ёров зимни ироаи сухани охиринаш дар бораи додараш Ҷамшед Ёров сухан гуфта, шеъри маъруфи Мумин Қаноат “Бародарам”-ро қироат кардааст.

Эроди гирифтаи айбдоркунандаи давлатӣ, ки гӯё сухани ниҳоӣ ба моҳияти масъала дахл надорад ва посухи адвокати маҳбус боиси бигӯмагӯ шуда, билоохира ба оғоз шудани боз як парвандаи ҷиноятӣ алайҳи Бузургмеҳр Ёров гардидааст. 

Наздикони адвокат мегӯянд, аз рӯйи парвандаи нав Бузургмеҳр Ёров аллакай пурсида шуда ва баёноти хаттӣ ҳам додааст.  

Шояд шумо суол ё назаре доред?