Беморони сил бо яхдон ва компютер таъмин шуданд

Муассисаи давлатии "Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина» бо компютер, телевизор ва яхдонҳо таъмин гардид.

Аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли ба Тоҷнюс иттилоъ доданд, ки ин таҷҳизот аз тарафи Ассотсиатсия Шоҳигарии Нидерландии « Мубориза бар зидди бемории сил» ва Лоиҳаи «TB REACH» (дарёфти саривақтии беморони сил) дастрас шудаанд.

Ҳадафи асосии ин Лоиҳа, ҷустуҷӯи беморон ва дасрёфти саривақтии онҳо буда, бо ин мақсад пешниҳоди роҳҳои ташхиси барвақтӣ ва табобат дар марҳилаи аввал тавассути вохӯриву мизҳои мудаввар ва сӯҳбат бо аҳолии ин ноҳияҳо ба даст омадааст.

Ба гурӯҳҳои мақсадноки лоиҳа асосан муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамчун гурӯҳи осебпазири аҳолӣ ва аҳли хонаводаи онҳо шомил буданд. Ба сифати шарикон дар амалисозии Лоиҳа Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил", Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони байналмилалии муҳоҷират, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии байналмиллалию маҳаллӣ шомил буданд, ки ҳар яке дар амалишавии ҳадафҳои Лоиҳа саҳми худро гузоштанд.

Вазорат мегўяд, кори асосӣ бо кумаку ҳамкории кормандони тиб дар маҳалҳо сурат гирифта, дар ин доира ба кормандони муассисаҳои тиббӣ низ кӯмаки зиёд расонида шуд. Ҳамчунин гузаронидани вохӯриву сӯҳбатҳо дар маҳалли зист бо шаҳрвандон ба он мусоидат намуд, то нафарони гумонбар ба бемории сил ҳарчи бештар ба муассисаҳои тиббӣ барои ташхис фирисода шаванд. Дар ташхисгоҳҳо бошанд технологияи инноватсионии замонавӣ барои дарёфти беморӣ ва дастгоҳи муайянкунандаи шакли мутобиқгаштаи сил «Генэксперт» истифода шудааст, ки дар давоми 2 соат метавонад гирифторшавӣ ба бемории сил ва шакли онро муайян созад.

Ҳол он, ки чанд сол қабл барои чунин ташхисҳо муҳлати 2 то 6 моҳ вақт сарф мешуд. Дар доираи фаъолияти Лоиҳаи TB REACH (Дарёфти саривақтии беморон), 404539 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дарбар гирифта шуданд, ки аз ин шумора 9935 нафар нишонаҳои шабеҳ ба бемории сил дошта ба ташхис фаро гирифта шуданд ва да натиҷа, 1452 ҳодисаи дарёфти бемории сил ба қайд гирифта шуд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?