Беш аз миллион фирорӣ аз оғози сол ба Аврупо ворид шудаанд

Аз аввали соли 2015 беш аз як миллон нафар ба ҳудуди Иттиҳоди Аврупо гуреза ворид шудааст.

Созмони байналмилалии муҳоҷират эълон кардааст, ки аксари фирориҳо аз Ховари миёна, Афғонистон ва Шимоли Африқо ба ҳудуди Иттиҳоди Аврупо ворид шудаанд. Коҳиш наёфтани низоъҳо дар ин минтақа боиси сарозер шудани фирориҳо гардидааст.

Дар Созмони миллали муттаҳид ба ин назаранд, ки барои беҳтар кардани вазъ бояд барои барқарории сулҳ талош кард: “Мо намехоҳем, ки сафи муҳоҷирон боз бештар шавад. Барои ин барқарор кардани сулҳ зарур аст. Ҳоло барқарории сулҳ фаъолияти муассири дипломатиро талаб мекунад, то ҷое мушоҳида мешавад, сатҳи низоъҳо дар сайёра боло меравад, созмонҳои байналмилалӣ барои пешгирии он мулзам мондаанд”, гуфтааст Комиссари олии СММ оид ба муҳоҷирон Антони Гутерреш.

Бештари муҳоҷирон ба Иттиҳоди Аврупо ба воситаи об худро ба минтақа мерасонанд, ҳазорҳо тан дар ин роҳ ҷон бохтаанд. Боқимондаҳо ба воситаи кишварҳои балкан ворид мешавад, назорат дар сарҳад пурзӯр аст. Гурезаҳо дар соли охир ба мушкилии асосии Иттиҳоди Аврупо табдил шудаанд.

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?