Билети ҳарбии қалбакӣ бар ивази 3 ҳазор сомонӣ

Як корманди мизи ҳарбии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иттиҳоми гирифтани пора боздошт шудааст.

Бино ба иттилои сомонаи ВКД, ин нозири 43-сола барои додани билети ҳарбии қалбакӣ аз як зани дигар 3 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.

-Гумонбаршуда, санаи 19-уми октябри соли 2016, аз зани 47-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ барои додани билети ҳарбии қалбакӣ ба писари 21-солааш маблағи 3000-сомониро ба сифати пора талаб карда гирифтааст. Далели шайъӣ гирифта шуд,-мегӯяд манбаъ.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ин корманди мизи ҳарбӣ дар ҳоле боздошт мешавад, ки дар Тоҷикистон маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ идома дорад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?