БМТ: Сатҳи таваррум дар даҳ моҳ 5,2%-ро ташкил дод

Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст, ки сатҳи таваррум дар интиҳои моҳи октябри соли ҷорӣ 0,2%-ро нишон дод.

Ба ҳисоби масъулини Бонки миллӣ, нишондиҳандаи мазкур аз оғози сол 5,2%  ва дар зарфи 12 моҳи охир 6,1 фоизро ташкил дод.

Меъёри бозтамвил ҳамчун фишанги сиёсати пулию қарзӣ бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 15-уми июли соли равон 11,0 фоизи солона муқаррар карда шудааст.

 

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?