БМТ: Сатҳи таваррум дар ҳашт моҳ ба 4,5 фоиз расид

Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст, ки сатҳи таваррум дар интиҳои моҳи августи соли ҷорӣ 0,8%-ро нишон дод.

Ба ҳисоби масъулини Бонки миллӣ, нишондиҳандаи мазкур аз оғози сол 4,5%  ва дар зарфи 12 моҳи охир 4,8 фоизро ташкил дод.

Меъёри бозтамвил ҳамчун фишанги сиёсати пулию қарзӣ бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 15-уми июли соли равон 11,0 фоизи солона муқаррар карда шудааст.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?