Боб Дилан, барандаи ҷоизаи Нобел дар адабиёт эълон шуд

Шоир ва мусиқинавоз Боб Дилан сазовори ҷоизаи Нобел дар адабиёт шуд. Ин ҷоиза барои сохтани забони нави шеърӣ дар доираи анъанаҳои бузурги таронавии амрикоӣ ном гирифт. 

Боб Дилан соли 1941 дар  Миннесот ба дунё омадааст. Даҳсола буд, ки шеър менавишт ва дар дастаи ҳунарии мактаб ҳунарнамоӣ мекард. Соли 1962 аввалин албоми таронаҳояш бо номи  Bob Dylan вориди бозори мусиқӣ шуд. 

То ба имрӯз Боб Дилан 35 албоми таронаҳояшро ба ҳаводоронаш тақдим кардааст. Бахусус сурудҳои вай Blowin' in the Wind ва The Times They are A-Changin' хеле маъруфият дорад. 

Дилан ҳафт маротиба ҷоизаи "Грэмми"-ро гирифтааст. Пештар барои сурудаш Things Have Changed, ки ба филми "Вундеркиндҳо навишта буд, сазовори ҷоизаи Оскар шуда буд.

Соли 2010 маҷаллаи Rolling Stone  пурсише доир кард, ки дар он Дилан дуюмин касе эълон гардид, ки баъд аз The Beatles бештар мусиқии рок навиштаву иҷро крадааст. Маҷаллаи Time бошад, ӯро ба рӯйхати 100 шахсияти маъруфи асри ХХ шомил сохт.

Ҷоизаи Нобел барои адабиёт аз соли 1901 эъто мешавад ва соли гузашта он насиби адиби маъруфи Белорус Светлана Алексиевич шуда буд. Соли 2014 бошад онро ба нависандаи фаронсавӣ Патрик Модиано доданд.  

Шояд шумо суол ё назаре доред?