Боду борони шадид ба хоҷагиҳои вилояти Суғд зарар расонд

Шамоли сахт ва боронҳои шадид, ки ахиран аз вуқуъи он Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда сокинонро ҳушдор дода буд, муҷиби хисорати калон шуд.

Бино ба иттилои Умеда Юсупова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар баъзе манотиқи кишвар, аз ҷумла дар бахше аз минтақаҳои вилояти Суғд интиқоли неруи барқ ба мушкил рӯ ба рӯ гардид, сақфи хонаҳои сокинонро шамол барканд.

Чунончӣ, бегоҳии 3-уми ноябри соли 2016 шамоли сахт дар шаҳри Хуҷанд 12 бех дарахтро ба замин хобонд, хати интиқоли барқро аз ҳам гусаст ва дар яке аз хонаҳои баландошёна сақфи биноро ба замин зад.

Манбаъ ҳамчунин гуфт, ки дар ноҳияи Деваштич бошад бар асари шамоли шадид боми мактаби ноҳия хароб шуд, дар ноҳияи Куҳистони Масчоҳ сақфи хонаи се сокини русто кандаву ба замин хӯрд. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ нест. Ҳавои номусоид идома дорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинони кишвар хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо ҳамоно ҳушёриро аз даст надиҳанд ва чораҳои эҳтиётиро барои ҳифзи ҷону моли худ андешанд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?