Бонки миллӣ аз афзоиши нархи хизматрасонӣ ва хӯрокворӣ хабар дод

Дар моҳи июл дар Тоҷикистон хизматрасонии пулакӣ 1,9 фоиз, маҳсулоти хӯрокворӣ ва маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 0,4 фоиз баланд шудааст.

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар моҳи июли соли ҷорӣ саҳми хизматрасонии пулакӣ дар таварруми ҳосилшуда ба 0,3 фоиз баробар шуда, саҳми маҳсулоти хӯрокворӣ ва ғайрихӯрокворӣ мутаносибан 0,2 фоиз ва 0,1 фоизро ташкил намуданд.

Манбаъ мегӯяд, болоравии чиптаҳои ҳавопаймо (боркашонии байналмилалӣ) ва хизматрасониҳои роҳи оҳан қисми асосии таварруми баамаломадаро дар бахши химатрасониҳои пулакӣ ташкил доданд.

Инчунин дар ин моҳ афзоиши нархи маводҳои озуқаворӣ ба монанди сабзӣ, картошка, пиёз, карам, гӯшти гов, тухм, шир ва чакка, помидор, чойи кабуд ва ярмаи марҷумак ба қайд гирифта шуд. 

Дар ҳамин ҳол нархи маводҳои озуқаворӣ аз қабили орди навъи якум, шакар, равғани пахта, гӯшти гӯсфанд, бодиринг, себ ва нахӯд паст шудааст.

Маводҳои ғайрихӯрокворӣ бошанд, аз ҳисоби қиматшавии нархи гази моеъ, бензин, маводҳои конселярӣ, хокаи ҷомашӯӣ ва асбобҳои маишӣ ба вуқуъ пайваст.

Дар БМТ мегӯянд, дар моҳҳои январ – июли соли ҷорӣ сатҳи таваррум 3,7 фоизро ташкил намуда, нишондоди солонаи он дар моҳи июли соли 2016 ба 6,0 фоиз баробар шуд.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?