Бонки миллӣ мегӯяд, нархи маҳсулот дар бозорҳо муътадил мебошад

Бонки миллии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот мегӯяд, ки нархи маҳсулот дар бозорҳои кишвар муътадил буда, аммо расонаҳо аз болоравии нарх ҳангома месозанд.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, “сатҳи таваррум дар соли 2015 нисбат ба соли пешин тамоюли тадриҷии пастшавиро соҳиб шуда, ба 5,1 фоиз баробар шуд. Таварруми ҳосилшуда аз ҳисоби нархи маҳсулоти озуқа ба андозаи 4,3 фоиз, ғайриозуқа 7,8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 2,3 фоиз ба амал омад”.

Таҳлилҳои Бонки миллӣ нишон додаанд, ки “бо вуҷуди таъсири фишорҳои берунӣ дар соли сипаришуда сатҳи муътадили нархҳо нигоҳ дошта шуд. Дастоварди боло ё фаровонию арзонии маҳсулот дар натиҷаи ба маротиб афзоиш ёфтани истеҳсол ва пешниҳоди маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсулоти воридотивазкунанда, аз қабили картошка, сабзӣ, пиёз, гӯшт, мевагӣ, тухм, маҳсулоти ширӣ, ангишт, семент, хишти пухта ва дигар молҳои ниёзи мардум ба даст омад”.

Дар Бонки миллӣ мегӯянд, “тағйирёбии начандон зиёд фақат дар нархи орд, равған, шакар, маҳсулоти қаннодӣ, гази моеъ ва маводи шустушӯӣ дида мешавад. Ин тағйирёбиҳо асосан хусусияти мавсимӣ ва кӯтоҳмуддат дошта, болоравии нархи дигар маҳсулотҳо дар бозорҳои дохилӣ чандон ба назар намерасад”. Ҳамчунин, дар ин бонк мегӯянд, ки “нархи миёнаи молу маҳсулоти воридотӣ назар ба нарху навои онҳо дар як қатор кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил пасттар аст”.

Бонки миллӣ аз расонаҳо даъват кардааст, ки “ба таъмини оромию таҳаммул, ки барои устувор нигоҳ доштани нархҳо дар бозор муҳим мебошад, даъват менамоем. Зеро, дар назар аст, ки шиддати тағйироти қурбии бозори молиявии ҷаҳон оҳиста-оҳиста коҳиш ёфта, бо андешидани чораҳои зарурӣ вазъ дар бозори дохилӣ низ тадриҷан ба эътидол меояд”.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?