Бонки миллӣ: Мо дар самти бонкдории исломӣ таҷриба надорем

Аз қабули Қонун "Дар бораи фаъолияти бонки исломӣ" дар Тоҷикистон 2 сол сипарӣ мешавад. Аммо то имрӯз дар кишвар ягон бонк ё ташкилоти қарзӣ ба фаъолияти бонкдории исломӣ нагузаштаанд. Кай дар Тоҷикистон бонки исломӣ кушода мешавад? Хабарнигори "Нигоҳ" дар ин бора бо масъулини Бонки миллии Тоҷикистон суҳбат кард, ки фишурдаи он манзури Шумо мегардад.

Нигоҳ: Аз қабули қонун дар бораи фаъолияти бонкдории исломӣ ду сол мегузарад. Чаро то имрӯз ягон бонк ва ё ташкилоти қарзӣ ба фаъолияти бонкдории исломӣ оғоз накард?

БМТ:  Қайд намудан зарур аст, ки бонкдории исломӣ ин як низоми нави бонкдорие мебошад, ки аз бонкдории анъанавӣ куллан фарқ дошта, хоси низоми бонкии мо намебошад. Пас аз он, ки 26 июли соли 2014 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” қабул гардид, Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми бонкдории исломӣ таҷрибаи Ҷумҳурии Қазоқистон, Қирғизистон, Малайзия ва Индонезияро мавриди омӯзиш қарор дод.

Бо мақсади тезонидани ҷараёни ҷорӣ намудани бонкдории исломӣ як қатор мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷа бо омӯзиш фаро гирифта шуданд, инчунин бо ташабусси Бонки миллии Тоҷикистон барои кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ аз ҷониби коршиносони Шӯрои хизматрасонии молиявии Исломӣ (IFSB) ду маротиба семинар дар мавзуи асосҳои бонкдории исломӣ ва стандартҳои асосии  IFSB гузаронида шуд.

Дар назди Бонки миллии Тоҷикистон Гуруҳи корӣ оид ба омода намудани лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои фаъолияти бонкии исломӣ ташкил дода шуд, ки ба он мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату муассисаҳои давлатии дахлдор, ассотсиатсияҳои бонкҳо ва ТМХ, бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд аъзо мебошанд.

Тули ин муддат, аз ҷониби гуруҳи кории мазкур, як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати танзим ва назорати ташкилотҳои қарзии исломӣ таҳия карда шуданд, аммо барои мувофиқ намудани онҳо ба принсипҳои маблағгузории исломӣ ва стандартҳои фаъолияти бонкии исломӣ ба стандартҳои Шӯрои хизматрасонии молиявии Исломӣ (IFSB) кумаку тавсияи коршиносони соҳа ва мушовирони байналмилалӣ зарур мебошад. Мутаассифона, дар дохили кишвар мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи бонкдории исломӣ мавҷуд нест, то ин ки мустақилона лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии таҳияшударо баҳогузорӣ намоянд. Мо кӯмаки мушовирони байналмилалиро интизор ҳастем ва дар ин самт кор ҷараён дорад.

Зимнан, бояд қайд кард, кор дар ин самт каме душвориҳо дорад, зеро мутахассисони соҳа дар хориҷаи дур аз кишвари мо ҳастанд. Маркази бонкдории исломӣ дар Аврупо агар шаҳри Лондони Англия бошад ҳам, пас дар Осиё ин кишвари Малайзия аст. Ташкилоти асосие, ки барои низоми ташкилотҳои қарзии исломӣ стандартҳоро таҳия ва қабул мекунад, дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия ҷойгир аст. Соли 2010 ҳануз пеш аз қабули  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” Бонки миллии Тоҷикистон чун нозир ба аъзогии Шӯрои молиявии Исломӣ (IFCB) ҳамроҳ гашт.

Дар баробари таҳияи санадҳо БМТ дар доираи як барномаи муштарак бо Бонки Исломии Рушд ҳамкории зич дорад ва дар назар аст, коршиносон-мушовирони ҷалбшуда ҳамкориро бо БМТ дар навбати аввал ҷиҳати мутобиқат ба стандартҳои Шӯрои хизматрасонии молиявии Исломӣ (IFSB) оғоз менамоянд.

Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи бонкдории исломӣ қонуни алоҳидаи соҳавиро барои ташкилотҳои қарзии исломӣ қабул кардааст, ки дар ҳудуди ИДМ яке аз аввалин қонунҳои мукаммали соҳаи бонкдории исломӣ ба ҳисоб меравад.  Яъне дар баробари ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва баҳисобгирии муҳосибӣ мувофиқ намудани  низоми анъанавии бонкдорӣ, низоми бонкдории исломӣ, ҳамчун низоми алтернативӣ дар кишвар  ташаккул ёфта истодааст.

Нигоҳ:Чаро то ҳол бонкҳои исломӣ кушода нашуданд?   

БМТ: Тавре дар боло қайд кардем, бе заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ ташкилотҳои қарзии исломӣ наметавонанд фаъолияти хешро оғоз намоянд. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад дар асоси муқаррароти қонун ҷараёни баррасии дархост барои гирифтани Иҷозатнома барои гузаронидани амалиётҳои бонкии исломиро оғоз намояд, аммо бе санадҳои асосии танзим ва назорат фаъолияти ташкилоти қарзии исломӣ душвор мешавад. Айни ҳол, лоиҳаи санадҳои асосие ки барои оғози фаъолияти бонкҳои исломӣ заруранд таҳия шудааст ва мо интизори мушовирон ҳастем ки мутобиқати онҳоро ба стандартҳои байналхалқӣ тасдиқ кунанд.

Нигоҳ: То имрӯз Шумо ба кадом ташкилотҳои байналхалқӣ барои омадани коршиносон дархост ирсол кардед?

БМТ: Мо дар доираи лоиҳаи грантии Бонки Исломии Рушд оид ба кӯмаки техникӣ корро аз аввали сол оғоз кардем. Тамоми муқаррароти озмун дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ва Бонки Исломии Рушд анҷом дода шуд. Дар озмун ширкатҳои машваратии байналмилалии дорои таҷрибаи пешқадам дар рушди низоми маблағгузории исломӣ ширкат намуда, дар натиҷа ширкати ISRA-и Малайзия дар озмун ғолиб дониста шуд. Айни замон, БМТ лоиҳаи шартномаи ҳамкориро бо ширкати машваратии байналмилалӣ таҳия намуда истодааст. Пас аз ба имзо расонидани Созишномаи мазкур, раванди татбиқи лоиҳаи мазкур ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми бонкдории исломӣ дар кишвар дар ҳамкорӣ бо ширкати машваратӣ тақвият меёбад.

Нигоҳ:Шумо гуфтед, ки мутахассисон намерасанд, оё Бонки миллӣ давоми 2 соли баъд аз қабули қонун барои омода кардани мутахассисон дар самти бонкдории исломӣ чӣ корҳоро анҷом дод?

БМТ: БМТ ҳамчун яке аз муассисаҳои давлатӣ махзани мутахассисони беҳтарин аст, мо танҳо дар самти бонкдории исломӣ таҷриба надорем. Албатта, БМТ бо кумаки IFCB як гуруҳ аз мутахассисонро ба омӯзиш фаро гирифтааст. Аммо бе таҷриба мутахассис пухта намешавад. Бисёр масъалаҳои нозуке ҳастанд, ки дар ҷараёни амалиётҳои бонкӣ рӯ ба рӯ шудан мумкин аст. Бо ҳамин мақсад мо ба шитобкорӣ роҳ надодем, то баъд ҳар рӯз аз пайи ислоҳи хатоҳо нашавем. Дар миёни кишварҳои ИДМ маҳз дар Тоҷикистон як қонуни соҳавӣ таҳия ва қабул шудааст. Яъне бонкҳо метавонанд пурра ба бонки исломӣ табдил ёбанд ва ё равзанаи бонкдории исломӣ кушоянд.

Нигоҳ: Оё кушода шудани бонкдории исломӣ ба ҷалби маблағҳо аз кишварҳои исломӣ кӯмак мекунад?

БМТ: Омӯзишҳо нишон доданд, фоизи муайяни аҳолӣ ҳастанд, ки бо мақсади қонеъ гардонидани талаботҳои этикӣ-динии худ омода ҳастанд маблағҳояшонро ба бонк гузоранд, лекин на ба бонки анъанавӣ, балки ба бонкдории исломӣ. Чун 99 фоизи аҳолии Тоҷикистон мусалмон аст, ҳатто соҳибкорон мепурсанд, ки кай дар кишвар низоми бонкдории исломӣ кушода мешавад. Аммо инҷо як масъалаи дигар низ аст, яъне пурра огоҳӣ надоштани мардум аз низоми бонкдории исломӣ. Мардуми мо мегӯянд, ки бонкҳои исломӣ қарзҳои бефоиз ва дарозмуддат медиҳанд. Вале ба ин масъала равшанӣ андохтан зарур аст, ки низоми бонки исломӣ чӣ гуна аст?

Дар низоми бонкдории исломӣ шумо пулатонро ба ҷое мегузоред, ки дар он ҷо барои амалҳои манъкардаи дини ислом маблағгузорӣ намекунанд. Мо мехоҳем сармояи дохилӣ ва хориҷиро тариқи ҷорӣ кардани низоми бонкдории исломӣ ҷалб намоем. Инчунин умедворем, ки бонкдории исломӣ ба баланд шудани эътимоди мардум ба низоми бонкӣ кӯмак мерасонад. Мардум бояд донанд, ки бо кушодани шудани бонкҳои исломӣ онҳо фишанге мегиранд, ки талаботи этикии худро қонеъ гардонанд. Дар бонкҳои исломӣ гапи гирифтан ва ё додани фоиз нест, ин кори шарикӣ аст.

Мардум бояд дарк кунанд, ки вақте дар бонкҳои исломӣ амонат мегузоранд, бо бонк шарик ҳисоб мешаванд. Вақте фоида мегиранд, бонк онро бо онҳо тақсим мекунад, вақте зарар мебинанд, вобаста ба ҳисаашон зарарро низ баробар тақсим мекунанд. Яъне ба бонки исломӣ шумо шарик мешавед. Дар бонкдории исломӣ шаффофият зиёд аст.  

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?