Бонки миллӣ сабаби асосии буҳронӣ шудани бонкҳоро эълон кард

Бонки миллии Тоҷикистон дар мушкилоти молиявии бонкҳо худи онҳоро муқассир хондааст.

Ин ниҳод гуфтааст,”новобаста аз мушкилиҳои молиявию пардохтпазирии дар низоми бонкӣ ҷойдошта, маҳз фаъолияти зараровари дохилии худи бонкҳо сабаби асосии ҳолати қарордошта арзёбӣ мегардад.

БМТ ҳамчунин аз таъсиси як Гуруҳи кории байниидоравии салоҳиятнок хабар додааст, ки он “ҷиҳати ҳалли мушкилиҳои ҷойдоштаи бонкҳои муаммодор” ташкил шудааст.

-Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ барои бартараф кардани камбудиҳои низоми бонкӣ, ба роҳ мондани фаъолияти самараноки низоми бонкӣ, таъмини шафофияти фаъолияти бонкӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои бонкӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзӣ, ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ ва сохторҳои дахлдори ҳукуматӣ чораҳои дахлдор андешида истодааст,-таъкид мекунад манбаъ.

Дар БМТ мегӯянд,  “ҳамарӯза тамоми бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мавҷудияти маблағ дар суратҳисоби муросилотиашон бо пули нақд таъмин гашта, ҳолати мазкур таҳти назорати доимӣ қарор дорад.”

Қариб 2 сол мешавад, ки ба гуфтаи коршиносон низоми бонкии кишвар ба буҳрон гирифтор шудааст. Бахусус ду бонки калонтарини кишвар “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” ба мушкили молӣ гирифтор шуда, натавонистанд сари вақт маблағи муштариёнро пардохт намоянд. Инчунин “Тоҷпромбонк” низ дар вазъи на онқадар хуб молиявӣ қарор дошта, БМТ дар инҷо маъмурияти муваққатӣ ҷорӣ кардааст.

Назарҳо

Мо мадонем би шумо низ худи бонкхо гунахгоранд.Шумо гуед ки чора андешида истодаед? Агар мардум аз бонк кадор бошад, аз милиса то суду прокурор ба сарашон мерезад, чаро бонкдорхоро пуршиш намекунед. Чаро амволи мардумрокашида мегиред, аммо бонкхо ва бонкдорон дар амонанд? Кани адолататон? Нав мардум бовар карда ба бонкхо пасандоз ворид мекард, бади ин оё пулхояшонро ба бонкхо бовар мекунанд? Ин магар зарари иктисодиёти кишвар намешавад? Бояд рохбарони бонкхо дар назди конун чавоб гуянд.
Мухтарам бонкдорхо! айб нест, ки занхои лаби об барин якдигартона гандаю сиёх гуфта мегардед. Бонки милли набуд, ки хар сол аудит гузаронида ба кори бонкхо бахои баланд медоду имруз 1000 фоиз худро бегунох мешуморад. ба мо чи дахл дорад, ки шумо чи гуна кор кардед! масалахои шахсиятонро ба кору бори давлат куш накунеду фикри халка кунед. Мухтарам раиси бонки милли Шумо бехтар ки аз гапи бисёрда дар амал гузаред холон ки каме вакт доред вагарна вой бар холатон ягон чояша капида наметонед.

Шояд шумо суол ё назаре доред?