Бонкҳо рублҳои муҳоҷиронро бо сомонӣ пардохт мекунанд

Минбаъд муҳоҷирон маблағҳои интиқолии худ бо рубли русиро аз ватан бо сомонӣ хоҳанд гирифт.

Тибқи дастури нави Бонки миллӣ, маблағҳои бо рубли русӣ воридшуда ба Тоҷикистон дар бонкҳо ба соҳибонаш бо асъори миллӣ-сомонӣ пардохт хоҳад шуд.

Бино ба иттилои масъулини БМТ, ин тасмим ба корхонаву ширкатҳо дахл надошта, танҳо ба шахсоне тааллуқ дорад, ки дар бонкҳо ҳисоб надоранд. Инчунин тағйироти мазкур нисбат ба дигар асъорҳои хориҷие мисли доллар ва евро кор гирифта намешавад.

Бо ин дастури Бонки миллӣ аз 2-юми феврал ҳамаи нуқтаҳои интиқоли маблағ, рублҳои воридшударо ба соҳибонашон ба сомонӣ дода истодаанд.

Дар Бонки миллӣ мегӯянд, ин тасмим ба хотири боло бурдани қурби пули миллӣ ва иҷрои моддаи 340-и Кодекси граждании Тоҷикистон дар мавриди истифодаи пули миллӣ барои ҳисоббаробаркунӣ гирифта шудааст.

Бонкҳои Тоҷикистон дар ҳоле рубли воридшуда ба кишварро ба сомонӣ пардохт мекунанд, ки муҳоҷирон қариб 90 фоизи маблағҳои худро бо рубл ба Тоҷикистон мефирисанд. Ҳамчунин қурби рубли русӣ тӯли 2 соли ахир дар кишвар хеле тағйир ёфт. Агар дар соли 2014 саррофон 1000 рублро то 150 сомонӣ иваз мекарданд, аммо дар оғози соли 2015 он 65 сомонӣ поин омад. Ҳоло дар бонкҳои Тоҷикистон 1000 рубли русӣ 105-106 сомонӣ арзиш дорад.

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?