Боз як баҳси Исматулло Абдуллозода: Ин даъфа бо мағозаи “Дюти Фри”

Раҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо соҳибмулкони мағозаи “Дюти фри”, ки дар терминали нави фурудгоҳ иҷоранишин аст, баҳси судӣ дорад.
Бино ба иттилои манобеи TojNews, ҳадаф аз ин баҳси судӣ талаби ҳақмузди иҷора аз ширкати олмонӣ будааст, ки мағозаи мазкур ба он тааллуқ дорад.
Ҳоло маълум нест, ки додгоҳ ба чӣ қарор хоҳад омад, аммо манбаъ таъкид мекунад, ки баҳсҳои судии роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, аз ҷумла,бо “Дюти фри”, “Ошхонаи миллӣ”-и терминали фурудгоҳ ва ширкати “Нури Ёвар”, ки истифодаи таваққуфгоҳи автомобилии назди фурудгоҳро ба уҳда дорад, як ҳадаф доранд.
Роҳбарияи фурудгоҳ мехоҳад манфиатбардори ин ширкатҳо бошад, дар ҳоле, ки ин ширкатҳо аслан на бо фурудгоҳ, балки бо Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатии назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома доранд.
Тибқи як Қарори ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2011, ҳам фурудгоҳ ва ҳам терминали он, агарчи дар тавозуни ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” қарор доранд, дар асл моли давлати Тоҷикистон маҳсуб мешаванд, ки тариқи музояда ба ширкатҳо фурӯхта шудаанд.
Роҳбарияти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” қазияро шарҳ додан намехоҳад.
Пештар Неъматулло Файзуллоев, раиси ширкати “Нури Ёвар” ва Сайидмурод Каримов, соҳибмулки “Ошхонаи миллӣ”-и Терминали фурудгоҳ аз ғосибии роҳбарияти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” шикоят карда буданд. Онҳо иддао доранд, ки Исматулло Абдуллоев, раиси ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” мехоҳад ба ҷойи онҳо нафарони наздик ба худро биёрад.
Назарҳо
Шояд шумо суол ё назаре доред?