Боз як иқдоми Кумитаи занон барои пешгирӣ аз сатрпӯшии духтарони мусулмон

Акс аз BBC

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, бо мақсади пешгирии хурофотпарастӣ ва сатрпӯшии занону духтарон дар пойтахт як силсила корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарондааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи кор бо занон ва оила, “бо мақсади баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, пешгирии ҳурофотпарастӣ ва сатрпӯшии занону духтарон дар Боғи фароғатии Абӯабдулло Рӯдакии шаҳри Душанбе бо шаҳрвандон суҳбатҳои сарироҳӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ” гузаронида шуд.

Дар гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила низ иштирок доштааст.

-Дар суҳбат бо роҳгузарон оид ба масъалаҳои арҷ гузоштан ба анъана ва фарҳанги либоспӯшии миллӣ, дурӣ ҷустан аз бегонапарастӣ, тарбияи фарзандон дар руҳияи ватанпарсастӣ суҳбат шуд. Дар раванди суҳбат занон низ моҳияти либоси миллиро дарк намуданд,-менависад сомонаи Кумита.

Ин нахустин  иқдоми Кумитаи кор бо занон ва оила барои пешгирӣ аз пӯшидани сатр миёни занону духтарони мусулмон нест. Як моҳ пеш ин ниҳод хабар дода буд, ки ба хотири “пешгирӣ намудани пӯшидани сарулибоси ба миллат ва мардуми мо бегона (аврат, ҳиҷоб)” дар вилояти Суғд умули “Хона ба хона”-ро роҳандозӣ кардааст.

Ҳарчанд ин хабарро сомонаи расмии Кумитаи занон нашр карда буд, аммо баъдан як масъули ин ниҳод ба TojNews гуфта буд, нодуруст инъикос шудани хабари мазкурро кор дасти нафароне аст, ки “аз хоҷагони хориҷӣ маош мегиранд ва воқеаро ба таври худ инъикос мекунанд.

Маврид ба зикр аст, ки масъулини  Кумитаи кор бо занон ва оила бо сатри занони ғайримусулмон, минҷумла насрониҳои ортодокс ва миссионерҳои католикӣ коре надорад.

 

Назарҳо

Салом алейкум. Рост хело рӯҳафтода ҳам шудам, зеро имрӯз номусулмон мусулмононро хело азият медиҳанд. Наход қонунеро, ки Худо амр кардааст, бар зидди қонуни Ӯ қонун қабул кунанд О бо занҳои мочи кор дори. Мо Алҳамдулиллоҳ мусалмонем. Наход ма аз занону духтарони худ хело дур, дар муҳоҷират азоб мекашем, дар он ҷо сатрҳои занони моро мекашанд.
Ох Раиси кумита бар зиди кашоки мубориза бар бар зиди фохишагии занхои точик дар дигар давлвтхо зидии бекории занхо ох таърихи чандхазорсола дорем мегуем о як бор таърихда назар кунед зани точик чи хел либос дошт ё таърихро худи Шумо инкор мекунед хамаи ин ай бекорийай хами кумита худаш даркор нест умуман
Либоси миллии мо ин бе изор ва руймол аст. Ачаб замоне ... занони бо ифатро насихат мекунанд ки чигуна либос пушанд.
аврат ,хичоб аз мо нест хайр бошад ,вале либосхои то зуну ва кофтахои лич азони мост ,ними халки точик аврупои мепушад дурусту хичобу аврат нодуруст ,касеро мефорад пушидан гирад дигаронро чикор ба хушкардаи одамон
Мухтарам корбарони Точнюс ин чихел сархат "Боз як иқдоми Кумитаи занон барои пешгирӣ аз сатрпӯшии духтарони мусулмон" охир ин гунна суханхо харгуна игвохоро дар байни омма ба вучуд меорад. Шумо танхо одамоне ки сатр мекунан хамунхоро мусалмон мехисобед.Кам-кам ахамият дихед пеш аз он ки як чиз менависед!
Маврид ба зикр аст, ки масъулини Кумитаи кор бо занон ва оила бо сатри занони ғайримусулмон, минҷумла насрониҳои ортодокс ва миссионерҳои католикӣ коре надорад.
Сатр, хичоб моли мардуми яхуду араб аст.
Ачаб замон! ачаб даврон! ачаб чохил! ачаб нодон!
Илтимос, як чумла АЗ нимурену нимбарахнапуши сухан кунед,ин хам барои МО бегона АСТ! То каи яктарафа сухбат мекунед?
Хичоб либоси мусулмоност, на аз яҳуд, на араб, на ирон, пеш аз ислом Хичоб набуд, хичоб амри Худост,
ба чойи он ки ба суйи худо мардумро даъват кунед мардумро ба залолати даъват карда истодаед аз худо битарсед
Жаль, очень жаль! вместо того чтобы ввести борьбу против проституции и разврата вы боритесь против духовной морали наших женщин.
Дар озоди як макола аст дар борааи холати бади як духтурхона дар Есанбой ох раиси кумита диди зани точик дар кадом холати ногувор тавалуд мекунад о як бор аз инча дидан кун ба вазири тандурусти фахмондадихи гузарон хайфи маоши мегирифтаатон як девона хуб губ гуфтааст Шумо умуман даркор нестед кати кумитаатон факат муфтхур аз фойдатон зараратон бисёртарай ба маоши шумо чан кора буд кардан мумкин шарм доред хамика ин занакои мо беобруву бехаёву бекадру бесохиб монданд ки хама милисаву раису раиси махалаву нохияву вазиру кабиру журналисти ке балора намедона уву увора насихат мекуна ба меди и корот он хуб занакои точика да дунё шарманда карден

Шояд шумо суол ё назаре доред?