Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии “Баракат”-и Ҳисор

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор ба фаъолияти хоҷагии Корпоратсияи Баракат шинос шуданд.

Дафтари матбуоти Президент, аз ин хоҷагӣ ҳамчун “хоҷагии намунавӣ” ном бурда гуфтааст,  соли равон хоҷагӣ 15 ҳазор тонна ангур истеҳсолу ба хориҷи мамлакат содирот кардааст. “Дар ин хоҷагӣ 11 навъи хуби ангур, аз ҷумла кишмиши сиёҳ парвариш карда мешавад ва имсол аз ҳосили фаровони токзор 5 ҳазор тонна мавизи хушсифат таёр намудаанд.”

Ба гуфтаи манбаъ, “Эмомалӣ Раҳмон ба боғдорони пуртаҷрибаи Корпоратсияи Баракат барои фаъолияти пурсамар баҳои баланд доданд ва ба онҳо барои ҷамъоварӣ, нигоҳубин ва содироти ин маҳсулоти серхарид маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуданд.”

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?