Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз мактаби варзишӣ оид ба гуштин

Президент Эмомалӣ Раҳмон аз Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштин боздид ба амал овард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, маҷмааи варзишӣ аз толори калон бо 1000 ҷойи нишаст, майдончаҳои варзишии баскетбол, гуштин, волейбол, футболи хурд, ҷойи либосовезӣ, утоқҳои корӣ, ҳаммом ва системаи гармидиҳӣ иборат буда, баъди аз таъмири асосӣ баровардан имкон фароҳам омад, ки дар он мусобиқаҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ гузаронида шаванд.

Бинои Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштин аз тарафи Корхонаи давлатии сохтмону васлкунии рақами 2 - и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватандӯст давоми қариб як сол бо сарфи беш аз 3 миллион сомонӣ аз таъмир бароварда шуд.

Манбаъ мегӯяд, “Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба таҳияи лоиҳаи муосири бунёди иншооти варзишӣ дар заминаи Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштин ва ба як маҷмааи бузурги варзишӣ табдил додани он ба масъулини соҳаи варзиши кишвар супоришҳои мушаххас доданд.”

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?