Боздиди Қоҳир Расулзода аз қитъаҳои сохтмонии роҳани оҳани Ваҳдат-Ёвон

Қоҳир Расулзода, Сарвазири Тоҷикистон аз сохтмони роҳи оҳан дар қитъаи  Ваҳдат- Ёвони  роҳи  оҳани  Душанбе -Қурғонтеппа  шинос  шуд.

Ӯ 8-уми апрел аз ибтидои роҳи оҳан дар  мавзеи Элок  то истгоҳи  роҳи  оҳани  Ёвон аз тамоми қитъаҳои сохтмонӣ дидан кардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, “дар давоми се моҳи соли равон дар масофаи 1,5 км қисмати болоии роҳ омода  шудааст”.

Барои бунёди ин роҳ ширкатҳои хориҷӣ аз ҷумла чинӣ ва эронӣ ҷалб шудаанд. Гурӯҳи  ширкати 19-уми Ҷумҳурии  мардумии Чин масъули бунёди нақбу пулҳои қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппаро мебошад.

Сохтмони  масири хатти роҳи оҳани "Душанбе-Қӯрғонтеппа" ҳанӯз моҳи марти соли 2009 шурӯъ шуд ва аз соли 2010 баъди монеагузориҳои Ӯзбакистон дар рафтуомади қатораҳои вилояти Хатлон корҳои сохтмонӣ дар ин масир ҷоннок гардид. Аммо то ҳол, бо гузашти қариб 6 сол ин хатти роҳи оҳан бунёд нашудаст.

Ахиран, Президент дастур додааст, ки роҳи мазкур то моҳи сентябри соли 2016 дар остонаи таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд. Бояд марҳилаи аввали соли 2014 ба истифода қарор мегирифт.

Аз ҷоннок кардани корҳои сохтмонӣ дар роҳи оҳани мазкур дар ҳоле хабар медиҳанд, ки Маҷлиси намояндагон 14-уми январи соли равон барои идомаи бунёди роҳи мазкур Созишнома қарзи имтиёзнок миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Чин оид ба “Сохтмони роҳи оҳани Душанбе –Қурғонтеппа дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон” ба тасвиб расонданд.

Чин барои бунёди ин роҳ 68 миллион доллар қарзи имтиёзнок медиҳад, ки Тоҷикистон бояд дар давоми 25 сол баргардонад.

Ин хатти роҳи оҳан аз ноҳияҳои Ваҳдат, Рӯдакӣ ва Ёвон мегузарад. Ҳанӯз аз замони Шӯравӣ хатти роҳи оҳан аз Душанбе то мавзеи Элоки ноҳияи Ваҳдат мавҷуд буд. Аз тарафи Қӯрғонтеппа, то Заводи кимиёвии ноҳияи Ёвон низ хатти роҳи оҳан кашида шуда буд.

Барои пайваст намудани хатти роҳи оҳан аз мавзеи Элоки ноҳияи Ваҳдат то Заводи кимиёвии тоҷик ҳамагӣ 40 километру 700 метр хатти роҳи оҳан бунёд намудан лозим аст, ки 5 сол боз сохта намешаванд.

Қаблан эълон карда буданд, ки тарҳи лоиҳавии ин роҳ 129 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?