Боздошт барои азхуд кардани 21 сар қутос

Як чӯпон дар ноҳияи Муроғоб барои азхуд кардани 21 сар қутоси сокинони маҳаллӣ муттаҳам дониста мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, ин чӯпон аз як сокини 46-солаи ноҳияи Мурғоб 21 сар қутосро барои нигоҳубин гирифта, фурӯхтааст.

Манбаъ мегӯяд, ин чӯпон аз фурӯши қутосҳо қариб 33 ҳазор сомонӣ ба даст оварда, онро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Copyright @2016 TojNews

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?