Боздошт барои бо корд захмдор кардан

Як сокини 25-солаи шаҳри Панҷакент бо гумони авбошӣ боздошт шудааст.

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, ин нафар 5-уми июли соли равон тахминан  соати 23:00-дақиқа, дар кӯчаи Рӯдакии шаҳри Панҷакент бо марди 25-солаи сокини ҳамин шаҳр муноқиша намуда, бо корди дар дасташ буда 2-маротиба ба шикамаш задааст.

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷаи ин ҳодиса ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома дорад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?