Боздошти 7 говдузд дар шаҳри Кӯлоб

Дар нимсолаи гузашта дар шаҳри Кӯлоб 26 ҳолати дуздии чорвои калон шохдор ошкор шудааст.

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, оиди ин ҳолатҳо 7 нафар сокинони шаҳри Кӯлоб: Ҷалилов Файзулло, Хоҷамқулов Наврӯз, Миров Исфандиёр, Нуралиев Иброҳим, Ойаҳмадов Холмурод, Хоҷамқулов Ҷурабек ва Юсупов Абдусаттор  ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.

Нисбати гумонбаршудагон бо дастрасии моддаи 244 (дуздӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан татбиқ карда шудаааст.

Манбаъ мегӯяд, парвандаи говдуздон баъди ба итмом расидани тафтиши пешакӣ парвандаҳои ҷиноятӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.    

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?