Боздошти адвокат Коллегияи адвокатҳои “Сипар” бо иттиҳоми “қаллобӣ”

Дилбар Додаҷонова, вакили дифоъи Коллегияи адвокатҳои “Сипар” барои “қаллобӣ” боздошт шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ӯ барои “дар марҳилаи назоратии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал намудани баҳси шаҳрвандӣ вобаста ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ, аз шаҳрванд “М” 10 ҳазор доллари амрикоӣ гуё ҳамчун ҳаққи хизмати судияҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намудааст”.

26-уми октябр дар кӯчаи Зафари ноҳияи Шоҳмансур зимни гирифтани 5 ҳазору 800 доллари амрикоӣ ва 1000 сомонӣ аз шаҳрванд “М” боздошт шудааст.

Нисбати Додаҷонова Дилбар Муҳидиновна бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (яъне тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ, аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ ва, бо истифодаи мақоми хизматӣ ва расонидани зарари моддӣ ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?