Боздошти Ҷамшед Ёров бо ҷурми “фош кардани сирри парвандаи наҳзатиҳо”

 Адвокат Ҷамшед Ёров-бародари хурдии адвокати маъруф бо иттиҳоми пешакии "фош кардани сири парвандаи махфии наҳзатиҳо" боздошт шудааст.

Дар ин бора як манбаъи муътамади Тоҷнюс хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ, баъди як рӯз аз боздошт ва бозпурсии Савринисо Ҷӯраева-ҳамсари собиқ муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалӣ Ҳаит аз ҷониби мақомот, адвокат Ҷамшед Ёров санаи 23-юми август боздошт шуда, шаби гузашта дар боздоштгоҳи муваққатӣ будааст.

Айни ҳол, адвокат дар куҷо аст, манбаъи Тоҷнюс намедонад. Аммо ба иттилоъи ӯ, тафтишот нисбати Ҷамшед Ёров бо дастрасӣ ба моддаи 311-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз ҷониби Прокуратураи генералии Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон касе аз масъулини соҳавӣ омода нашуд, ки ин иттилоъро ба Тоҷнюс рад ё тасдиқ кунад.
Аммо ба иттилоъи манбаъи Тоҷнюс, пас аз нашри ҳукми Суди Олии Тоҷикистон дар бораи наҳзатиҳо дар сайти Паём.нет мақомот ба ҷустуҷӯи омилони фошкорӣ шудаанд.

Зимни тафтиш  ва бозпурсии маҳкумшудагони парванда, ки дар зиндони низомаш пурзӯр ва боздоштгоҳҳо ҳабс мебошанд, нусхаи ба маҳкумшуда Маҳмадалӣ Ҳайит додашуда дарёфт нашудааст.  

Ин боис гаштааст, ки ҳамсар ва фарзанди ӯ бозпурсӣ шаванд. Баъди бозпурсӣ ва кофтукоб аз хонаи Савринисо Ҷӯраева гӯё нусхаи аккосишудаи ҳукми судии мазкур  ёфт шудааст, ки акси миз ва қолини ин хонаро доштааст.  

Дар пайи боздошт ва бозпурсии Савринисо Ҷӯраева адвокати ин парванда Ҷамшед Ёров боздошт шудааст.

 Алҳол тафтишоти ин парванда идома дорад.  Вазифаи асосии тафтишот маълум кардани он будааст, ки ҳукми судии фошшуда тавассути кӣ ба сайти мухолифини фирории тоҷик равон шудааст: Савринисо Ҷӯраева ё Ҷамшед Ёров?
Тавре пештар хабар дода будем, Савринисо Ҷӯраева ва писараш   дирӯз шабона озод карда шудаанд. Айни ҳол, онҳо шоҳид маҳсуб меёфтаанд.
 Бояд гуфт, ки нафар ё нафарони ҷиноёти пешбининамудаи моддаи 311-и КҶ  тибқи лоиҳаи нави қонун нав ҳатто дар марҳилаи тафтишот афв мешаванд.

Ҷамшед Ёров  ба ҷуз аз бародари хурдии адвокати маъруф Бузургмеҳр Ёров будан бо ин гуфтааш низ машҳур аст: “Мо ҳизби назҳат не, одамонро ҳимоя мекунем!”. 

Шояд шумо суол ё назаре доред?