Боздошти ҷавони 16-солаи афғон бо силоҳ ва ҳашиш дар Бадахшон

Як шаҳрванди 16-солаи Афғонистонро бо маводи мухаддир ва силоҳ дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон боздошт шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, ин ҷавон истиқоматкунандаи вулусволии Шуғнони Афғонистон буда, 30-юми январи соли равон дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон дастгир шудааст.

Манбаъ мегӯяд, аз борхалтаи ин нафар 3 киллою 770 грамм маводи нашъадори ҳашиш ва 1-адад таппончаи тамғаи “ПМ”, таҳти №RH-1205, соли бароришаш 1988 (коршоям) дарёфт ва мусодира карда шуд.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?