Боздошти се чӯпони тоҷик бо гумони куштор

Се чӯпон дар ноҳияи Панҷ бо иттиҳоми куштор боздошт шудаанд.

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, ҳодиса субҳи 8-уми ноябр бар сари қитъаи замини чарогоҳ ва чашмаи обдиҳӣ сар задааст.

Манбаъ илова мекунад, ки чӯпонон бо марди 40-сола ва ҷавони 18-солаи сокинони ноҳияи Панҷ муноқиша карда, сипас, бо калтакҳои чупонӣ якчанд маротиба ба сару рӯи онҳо мезананд.

“Дар натиҷа марди 40-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ҷавони 18-сола бошад, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.”

Дар ВКД таъкид мекунанд, аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти ҳодиса идома дорад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?