Боздошти шаҳрванди 16-солаи Афғонистон бо маводи мухаддир

Як писарбаччаи 16-сола аз Афғонистон ҳангоми убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистон боздошт шудааст.

Дафтари матбуоти Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар мегӯяд, дар соҳили рӯдхонаи Панҷи деҳаи Барчиди ҷамоати Поршинев шаҳрванди 16-солаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Элчибек валади Назримамадро ҳангоми убур аз дарё ба воситаи чархи мошин дар соҳили дарё боздошт намуданд. Дар вақти кофтуков аз борхалтаи селофаниаш хокаи сафед ба миқдори 1 килограмму 700 грамм пайдо карданд.

Элчибек валади Назримамад дар суҳбат ба мақомоти тоҷик гуфтааст, ӯ дар деҳаи Саричашмаи вулусволии Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистон таваллуд шуда, бо фиреби як шиносаш ба  интиқоли маводи мухаддир розӣ шудааст.  -Агар ин маводро ба «манзил» расонӣ, дар бозгашт ба ту 300 доллар медиҳам,-гуфтааст шиносаш.
 

Шояд шумо суол ё назаре доред?