Боздошти сокини Фархор бо беш аз 31 кг маводи мухаддир

Як сокини 39-солаи ноҳияи Фархор бо 31 кг маводи мухадддир аз ҷониби кормандони милиса боздошт шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, 8-уми феврал “марди 39-солаи сокини ноҳияи Фархор бо гумони даст доштанаш дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир” мекунанд. Дар дохили мошини ӯ, тамғаи “Опел-Астра” дар борхалтаи селофание 12 килою 970 грамм маводи нашъадори “ҳашиш” ва 14 килою 200 грамм “афюн” гирифтаанд.

Инчунин, ҳангоми азназаргузаронии оғилхонаи сохтмонаш нотамоми дастгиршуда, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, инчунин 4 килою 460 грамм маводи сахттаъсири “героин” дарёфт ва мусодира гардид. Ҷамъи маводи нашъадори дарёфтшуда 31 килою 630 граммро ташкил медиҳад.

Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Copyright © 2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?