Боздошти сокини Хуҷанд барои 70 ҳазор доллар ришва

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти як сокини шаҳри Хуҷанд бо исми  Ваҳобов Абдусамад Абдуқодирович хабар додааст, ки мегӯяд бо роҳи фиреб ва сӯистифода аз боварӣ аз як шаҳрванд 70 000 доллар гирифтааст.

Дар хабаре, ки субҳи имрӯз дафтари матбуотии ниҳод расонаӣ кард, гуфта мешавад, ки бо он ки ваколати ҷудо карда додани қитъаи заминро надоранд, моҳи октябри соли 2014 бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр, бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрвандон "Н" ва "Ф" даромада,  бо мақсади гирифтани қитъаи замин ҷиҳати сохтмони фермаи чорвопарварӣ аз онҳо 70 000 доллари ИМА талаб кардааст. Тибқи ваъда вай мебоист ба ин афрод аз ҳисоби заминҳои корами собиқ фермаи бурдоқипарварии хоҷагии ба номи "Раҳмон Набиев"-и ноҳияи Б.Ғафуров 3,5 га замин ҷудо мекард. Аз миқдори талабшуда 52 000 доллари онро аллакай тасарруф намудааст. 

Манбаъ мегӯяд, Ваҳҳобов А. А. баъдан вобаста ба ваъдаи додааш ягон амалро иҷро накарда, бо баҳонаҳои дигар, аз ҷумла ба номашон хуҷҷатгузорӣ карда додани биноҳои собиқ фермаи бурдоқипарварии хоҷагии ба номи "Р.Набиев" ва қитъаи замини он ба масоҳати 3,5 га,  22 000 доллари амрикоӣ талаб намудааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ санаи 28 марти соли 2016 аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ваҳобов А. А. баъди аз шаҳрванд "Н" гирифтани боқимонда маблағи 22 000 доллари амрикоӣ дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуда, маблағҳои пулӣ аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ мусодира шуд.

 Нисбати Ваҳобов Абдусамад Абдуқодирович бо моддаи 247 қисми 4 банди "б" КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷинояти оғоз карда шуда тафтишот идома дорад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?