Боздошти як узви гуруҳи ҷиноӣ дар Кӯлоб бо 107 кило маводи мухаддир

Як шаҳрванди Афғонистон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бо беш аз 100 кило маводи мухаддир боздошт шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, 24-уми март кормандони милиса “дар шаҳри Кӯлоб шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, марди 36-солаи сокини улусволии Хохони вилояти Бадахшонро бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир кардаанд”.

Дар ВКД мегӯянд, ки боздоштшуда узви як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ мебошад, ки аз ӯ 107 килою  646 грамм маводи нашъадор, аз инҳо 97 килою 424 грамм маводи нашъадори бангдона, 9 килою 266 грамм маводи ҳашиш ва 956,8 грамм маводи нашъаовари афюн дарёфт ва мусодира карда шуд.

Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Copyright @2016 TojNews

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?