Бозор Собир дар ҳамоиши эътирозии ҷанговарон (Ёддошти як журналист)

Бозор Собир дар ҳамоиши эътирозии ҷанговарон

Дақиқ гуфта наметавонам, ки соли 1990 буд ё 1991. Бозор Собир он вақт депутати Шӯрои Олӣ буданду мо донишҷӯ. Дар як ҷаласаи Шӯрои Олӣ, устод пешниҳод карданд, ки "унвонҳои ҷанговарони ҷанги Афғонистон бекор карда шаванд. Зеро мо дар Афғонистон дар муқобили ҳаммилатони худ ҷангидем ва ин наметавонад қаҳрамонӣ бошад. Баъдан мо бо хоҳиши худ ба Афғонистон барои ҷанг нарафтаем, моро Шӯравӣ маҷбуран бурд ва дар муқобили ҳамзабонони мо ба ҷанг ворид кард".

Рӯзи дигар дар майдони Озодӣ гирдиҳамоии ҷанговарони итернатсионалист баргузор шуда, аз Бозор Собир талаб карданд, аз ҷанговарони ҷанги Афғонистон узр пурсад. Мо гурӯҳе аз донишҷӯён низ, вақте аз роҳ мегузаштем, ин гирдиҳамоиро тамошо ва назора мекардем. Касе бовар намекард, ки Бозор Собир ба ин гирдиҳамоӣ ташриф меорад, зеро ҳама шиорҳо алайҳи шоир садо медоданд. Гурӯҳе ҳатто ба хотири амнияти шоир, омадани ӯро ба гирдиҳамоӣ манъ мекарданд. Вале Бозор Собир ба касе гӯш накард, ба гирдиҳамоӣ ташриф овард ва ба минбар баромада, сухан кард. Ӯ аз ҷумла гуфт:
– Замоне, ки ман бо пуштибонӣ аз шумо шеър мегуфтам, ҳанӯз касе аз шоирони мо чунин ҷуръате надоштанд. Шояд алъон гурӯҳе шуморо алайҳи ман мешӯронанд, вале иштибоҳ мекунанд. Зеро ҳадафи ман на бекор кардани имтиёзҳои Шумо, на қаҳрамониҳои шумост. Ман фақат мехостам бигӯям, ки ҳар ки дар муқобили хаммилат, ҳамзабон ва ҳамдилу ҳамдини худ меҷангад, ӯ қаҳрамон нест. 
Ӯ баъд аз ошкор намудани ҳадафҳои худ, шеъри «Аскарбачаҳои ҷанги Афғонистон» - ро ки маҳз ба ҷаговарони ҷанги Афғонистон бахшида буд ва бо чунин байтҳо оғоз меёфтанд, бо як ҷаззобияте қироат кард:

Борон нагузашта боз борон, борон,
Ҳар рӯзу шаби дароз борон, борон.
Зонуи буридаи дарахтон сабзид, 
Бозуи буридаи дарахтон сабзид.
Эй кош чу бозуи дарахтон аз нав,
Зонуи буридаи Шумо сабз шавад,
Бозуи буридаи шумо сабз шавад,
Аскарбачаҳои ҷанги Афғонистон.

Шоири ширинқалбу ширингуфтор баъд аз қироати ин шеър боз чанд сухане гуфта, на барои пешниҳоди кардааш, балки барои нодуруст фаҳмидани суханҳояш аз ҷанговарони ҷанги Афғонистон узр пурсид ва аз минбар поён омад. Дар як лаҳза вазъ чунон тағйир ёфт, ки ҳама дар ҳайрат мондем. Онҳое, ки дар муқобили шоир ҷамъ омада буданд ва алайҳаш шиорпартоӣ мекарданд, ҳамон замон аз шоир дифоъ карданд. Нафарони зиёде ба минбар баромада, ба шоир миннатдорӣ карданд ва ҳатто чанд нафароне низ пайдо шуданд, ки ба тарафдорӣ аз шоир аз орденҳои худ даст кашиданд.
Мо ба якдигар нигоҳ карда, мегуфтем: - «Ана инро таъсири сухан ва таъсири шеър мегӯянд. Ана инро шоир мегӯянд, ки дар як лаҳза ҳатто мухолифонашро ба тарафдоронаш табдил дод».
Бозор Собир воқеан шоири хушгуфтор буд . Он замон мо донишҷӯён шеърҳояшро бо шавқ хондаву азёд мекардем ва ҳатто кӯшиш мекардем, ки ба ӯ тақлид карда шеър гӯем, вале наметавонистем. Чунки Бозор воқеан Бозор буд.
Агарчи ӯ рафт, номи ӯ ва шеъри ӯ барои ҳамешагӣ дар таърих ва адабиёти тоҷик сабт ёфтанд.

Ёдат гиромӣ бод, Шоъири миллат!

Рӯзноманигор Холиқназар ҶУМЪАЕВ

Copyright @2018 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?