Буҳрон дар Хатлон. Маблағи зарурӣ барои маориф ва тандурустӣ ҷудо нашуд

Давлатшо Гулмаҳмадов, раиси вилояти Хатлон

Азим Иброҳим, муовини Сарвазири Тоҷикистон ва раиси ситоди ҷумҳуриявии омодагӣ ба тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 аз омодагӣ ба фасли зимистон дар вилояти Хатлон нигаронӣ кардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, Азим Иброҳим дар ҷаласаи сайёри ситод, ҳолати омодагии вилояти Хатлон ба зимистонгузаронии солҳои 2016-2017-ро ғайриқаноатбахш ҳисобида, ҷиҳати сари вақт ислоҳ намудани камбудиҳои ҷойдоштаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба вазорату сохторҳои масъул дастур додааст.

Тибқи гуфтаи Азим Иброҳим,  барои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои соҳаи маориф дар маҷмўъ 7322,1 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардида, то  1 августи соли 2016 дар амал 1482,1 ҳазор сомонӣ ё 20,2 фоиз ҷудо карда шудааст.

Дар соҳаи тандурустӣ ҷудо намудани 798,6 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, дар амал ҳамагӣ 78,7 ҳазор сомонӣ ё 9,8 фоиз маблағгузорӣ шудааст.

Инчунин барои  омодагии муассисаҳои соҳаи маорифи ноҳияҳои А.Ҷомӣ, Панҷ, Шаҳритуз, Н.Хусрав, Фархор то 1 августи соли 2016 барои зимистонгузаронӣ умуман маблағ ҷудо карда нашудааст.

Дар маблағгузории соҳаи тандурустӣ низ чунин ҳолат ба назар мерасад, яъне то 1 августи соли 2016 аз буҷетҳои маҳаллӣ барои ноҳияҳои Вахш, Ҷ.Балхӣ, Ҷайҳун, А.Ҷомӣ, Панҷ, Шаҳритуз, Н.Хусрав, Восеъ, Фархор, Муъминобод, Ш.Шоҳин ва муассисаҳои вилоятӣ маблағҳои зарурӣ умуман ҷудо карда нашудаанд.

Инчунин дар муассисаҳои соҳаи тандурустии ноҳияҳои Бохтар, Қубодиён, Панҷ, Восеъ ва Темурмалик аз 64,0 то 97,0 фоиз, дар 9 шаҳру ноҳия аз 50 фоиз камтар ангишт захира шуда, дар 11 шаҳру ноҳияҳои боқимонда ангишт умуман харидорӣ ва захира карда нашудааст.

Ҳамзамон дар 14 шаҳру ноҳияҳо ҳезум умуман захира карда нашуда, дар ноҳияҳои Бохтар ва А. Ҷомӣ мутаносибан 24 ва 60 фоиз ва дар шаҳру ноҳияҳои боқимонда ҳамагӣ аз 1,0 то 18,0 фоиз ҳезум захира карда шудаасту халос.

Тибқи таҳлилҳо талаботи вилояти Хатлон ба ангишт дар як сол  250–300 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Ҳаҷми истихроҷи ангишт аз кони «Шўрообод»  талаботи вилоятро таъмин карда наметавонад ва ангишти боқимонда аз конҳои «Фон-Яғноб» ва «Зиддӣ» таъмин карда мешаванд,-мегӯяд манбаъ.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?